Зоиров гуфт, Қудратов поквиҷдон аст ва парвандаҳо сохтаю супоришиянд

© SputnikСуди шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Суди шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зоиров, ки вакилии дифои Қудратовро ба душ дорад, ин ҳарфҳоро зимни суханронии ҷамъбастӣ дар нисбати зерҳимояш 8-уми январ дар Додгоҳи шаҳри Душанбе изҳор доштааст.

ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Раҳматилло Зоиров ҳар ду парвандаи ҷиноӣ нисбати Шуҳрат Қудратовро сохта ва фармоишӣ хонда, аз додрас озодияшро талаб кардааст, менависад оҷонсии "Озодагон".

Зоиров, ки вакилии дифои Қудратовро ба душ дорад, ин ҳарфҳоро зимни суханронии ҷамъбастӣ дар нисбати зерҳимояш 8-уми январ дар Додгоҳи шаҳри Душанбе изҳор доштааст.

Шуҳрат Қудратов - Sputnik Тоҷикистон
Барои Шуҳрат Қудратов 11 соли зиндони низомаш сахт талаб карданд

Вакили дифоъ махсусан аризаи даъвогии Турабек Охуновро зикр кард, ки ихтиёрӣ набуда, бо супориши мақомот навишта шудааст ва таъкид намуд, ки баъзе зиддунақизҳо дар ин иддао ҷой доранд. Ӯ аз додгоҳ хост, аз рӯи моддаи 320 алайҳи зерҳимояаш парванда қатъ шавад, зеро дар аъмоли Қудратов таркиби ҷиноят дида намешавад. Дар мавриди парванда аз рӯи моддаи 247, Зоиров аз додгоҳ хост зерҳимояаш афв шавад.

Зоиров таъкид намуд, ки Турабек Охунов, ки Қудратовро аз рӯи моддаи 247 айбдор мекард, расман бо навиштани ариза аз даъвояш даст кашид. Вакили дифоъ дар мурофиа зерҳимояашро шахси поквиҷдон муаррифӣ карда, далел овард, ки 8 ҳазор доллари баҳсбарангезро Қудратов аз Охунов бе ягон шоҳиду аснод гирифтааст ва метавонист онро куллан рад кунад.

Аммо ҳар чизе, ки буд, Қудратов онро ошкоро иқрор кардааст ва аз додгоҳ хостааст, инро ба назар гирад.

Фардо, 9-уми январ дар мурофиаи додгоҳӣ баромади ниҳоии Шуҳрат Қудратов дар назар аст.

Зоиров изҳори умед намуд, ки додгоҳ ҳукми одилона бароварда зерҳимояашро озод хоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки Самандар Абдуллозода, айбдоркунандаи давлатӣ аз Додгоҳи шаҳри Душанбе хост, Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси боздоштшудаи тоҷикро ба 11 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кунад.

Лентаи хабарҳо
0