Раҳматулло Зоиров аз вазири маориф хост қонунгузории Тоҷикистонро риоя кунад

© Sputnik / Амир ИсаевВ офисе СДПТ. Архивное фото
В офисе СДПТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси Ҳизби сосиал-демократ Раҳматулло Зоиров аз вазири маорифу илм Нуриддин Саид хост Қонуни таътилоти расмии Тоҷикистонро риоя кунад

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Раҳматулло Зоиров, раҳбари Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон бо нашри баёнияе дар шабакаҳои иҷтимоъӣ аз вазири маорифу илми ҶТ Нуриддин Саид хост Қонуни таътилоти расмии кишварро риоя ва иҷро кунад.  

Раҳбари ҲСДТ дар ин баёния ёдоварӣ карда, ки "дар Ҷумҳурии Қазоқистон, ки рӯзи 1 сентябр иди Қурбон ҷашн гирифта мешавад ва аз ин рӯ рӯзи истироҳат эълон карда шудааст, рӯзи Дониш 2 сентябр баргузор мегардад". 

Класс. Ученики - Sputnik Тоҷикистон
Якуми сентябр: Рӯзи дониш, иди Қурбон ё нофармонии шаҳрвандӣ?

Вай ҳамчунин ёдоварӣ карда, ки дар Русия низ бархе аз мактабҳо дар  шаҳри Маскав ва дигар шаҳру ноҳияҳо ба далели ҷашн гирифтани иди Қурбон дар рӯзи 1 сентябр рӯзи Донишро 4 сентябр баргузор мекунанд. 

Ӯ гуфта, ки беш аз 30 кишвар рӯзи Донишро ба далели иттифоқ афтодани иди Қурбон дар 1 сентябр, рӯзи Донишро ба дигар рӯз гузарондаанд. 

"Аз ин рӯ, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш мекунам Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид ва истироҳат"-ро риоя ва иҷро кунед", — дархост кардааст Раҳматулло Зоиров аз Нуриддин Саид.

Пеш аз ин ҳам раҳбари ҲСДТ вазорати маорифу илмро муттаҳам ба нақзи Қонуни асосӣ ва Қонуни таътилоти расмии ҶТ карда буд.

Лентаи хабарҳо
0