Рӯзи панҷшанбе дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви СПАД раисҷумҳурони Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус ва сарвазири Арманистон дидор ва мулоқот баргузор намуданд. нишасти кишвардорони шаш давлат дар қароргоҳи давлатии Ал - Арча сурат гирифт.
Дар кори ин ҷаласа раисҷумҳурон: Эмомалӣ Раҳмон, Владимир Путин, Қосим- Жомарт Тоқаев, Сооронбой Жээнбеков, Александр Лукашенко ва сарвазири Арманистон Никол Пашинян иштирок намуданд.
Кишвардорони шаш давлати узви ин созмон, масоили амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон ва инчунин рушди неруи низомии созмонро баррасӣ карданд.
Раҳмон аз хатару таҳдидҳо ба амнияти кишварҳои узви СААД ҳушдор дод
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз хатару таҳдидҳо ба амнияти кишварҳои узви СПАД ҳушдор дода, ҳамтоёни худро ба муттаҳидшавӣ ва муборизаи муштарак будан алайҳи терроризму ифротгароӣ даъват намуд.
Гузашта аз ин, владимир путин раисҷумҳури Русия аз хатари маводи мухаддир ибрози назар намуда, афзуд, ки ба муқобили қочоқи маводи мухаддир бояд дастаҷамъона мубориза бурд.
Раҳмон аз хатару таҳдидҳо ба амнияти кишварҳои узви СААД ҳушдор дод
Маврид ба ёдоварист, ки ба узвияти СААД Тоҷикистон, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Белорус ва Арманистон шомил ҳастанд.
Ҳадафи асосии ин созмон ҳифзи фазои минтақавӣ ва иқтисодии кишварҳои узв аз ҳамалоти таҷовузкорони низомӣ-сиёсӣ, терроризм ва инчунин офатҳои табиӣ мебошад.