Путин бо “Aurus” Раҳмон бо Mercedes-Benz: мошинҳои зиреҳпуши Президентҳо - видео

Обуна шудан
Дар пойтахти Қирғизистон Дар қароргоҳи давлатии Ала-Арча мулоқоти сарони кишварҳои узви СПАД ифтитоҳ ёфт. Дар ҷаласаи мазкур масоили амнияти ҷаҳони ва минтақавӣ баррасӣ мешавад

Сарони кишварҳои Белорус, Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон ва Арманистон дар Бишкек гирдиҳам омаданд, то дар ҷаласаи навбатии СПАД иштирок намоянд. Меҳмонони баландпояро худи мизбон Сооронбой Жээнбеков, раисҷумҳури Қирғизистон пешвоз гирифт. 

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон на заседании Совета коллективной безопасности ОДКБ  - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон аз хатару таҳдидҳо ба амнияти кишварҳои узви СААД ҳушдор дод

Дар навори Sputnik Қирғизистон худравҳои зиреҳпуши руасоиҷумҳури кишварҳои ҳамсуд, ки ба Бишкек барои иштирок дар ҷаласа омадаанд, дида мешавад.

Барои мисол, раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев бо худ худрави зиреҳпуши Mercedes-Maybach S600-ро овардааст. Ин худрав қаблан дар ҷаласаи СҲШ, ки дар моҳи июн дар шаҳри Бишкек низ баргузор шуда буд, ба назар мерасид.  

Роҳбари Русия Владимир Путин фурудгоҳи “Манас”-ро бо худрави зиреҳпушӣ муоссири сохти Русия “Aurus”, ки арзишаш 18 миллион рубл аст, тарк кард.

Раисҷумҳурони Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, роҳбари Белорус Александр Лукашенко, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикитон ва нахуствазири Арманистон Никол Пашинян фурудгоҳро бо худравҳои зиреҳпуши Mercedes-Benz W222, ки аз тарафи Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур ва ҳукумати Қирғизистон пешниҳод шудааст, тарк карданд.

Лентаи хабарҳо
0