Раҳмон аз хатару таҳдидҳо ба амнияти кишварҳои узви СААД ҳушдор дод

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон на заседании Совета коллективной безопасности ОДКБ
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон на заседании Совета коллективной безопасности ОДКБ  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлоясияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД суханронӣ намуд

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik.  Эмомалӣ Раҳмон, ки дар иҷлосияи кишварҳои узви СААД дар шаҳри Бишкек қарор дорад, дар ҳузури сарони 5 кишвари узви ин созмон суханронӣ намуд.

Нишасти сарони кишварҳои узви СААД - Sputnik Тоҷикистон
Дар Бишкек сарони шаш давлат гирд омаданд: нишасти СААД ифтитоҳ ёфт

Ба иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз хатару таҳдидҳо ба амнияту суботи давлатҳо, аз ҷумла кишварҳои шомили СААД изҳори нигаронӣ кард.

Раҳмон озими нишаст шуд: ҳамла ба постгоҳи "Ишқобод" мавзӯи меҳварии ҷаласа мебошад

Сарвари давлат афзудаст, ки бо дарназардошти вазъи ба амаломада аз давлатҳои аъзои созмон тақвияти бештари ҳамгироӣ дар мубориза ба ин зуҳуроти номатлуби аср тақозо мегардад.

"Соли оянда 75 — солагии Ғалаба дар Ҷанги бузурги ҷаҳонӣ ҷашн гирифта мешавад ва мо барои таҷлили ин санаи муҳими таърихӣ дар чаҳорчӯби СААД тамоми тадбирҳоро меандешем"”, — таъкид доштанд Эмомалӣ Раҳмон.

Гуфта мешавад, дар иҷлосияи мазкур аз ҷониби сарони давлатҳо беш аз 15 қарори дахлдори Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ доир ба ҳамгироии минбаъда дар самтҳои гуногун ба имзо расид.

Маврид ба ёдоварист, ки ба узвияти СААД Тоҷикистон, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Белорус ва Арманистон шомил ҳастанд.

Ҳадафи асосии ин созмон ҳифзи фазои минтақавӣ ва иқтисодии кишварҳои узв аз ҳамалоти таҷовузкорони низомӣ-сиёсӣ, терроризм ва инчунин офатҳои табиӣ мебошад.

Лентаи хабарҳо
0