Раҳмон “Арактор” ихтироъ кард : мошини ҳайратовар ва бурранда -видео

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкПилорама, обработка дерева
Пилорама, обработка дерева  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҳмон Абдуҳалимов, сокини деҳаи Пахтакори ноҳияи Мирсаид Алӣ Ҳамадонӣ техникае ихтироъ намудааст, ки аз ҳаракати он бисёриҳоро ба ҳайрат омадаанд

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Ин мошини сохтаашро Раҳмон, “Арактор” ном гузоштааст, ки ба ҳисоби ҳаракат дар роҳ, кори бурриши тахтаҳои сохтмониро бе истифодаи қувваи барқ ба иҷро мерасонад.

Исследовательница Мавлуда Давлатмамадова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бонуи ихтироъкори тоҷик: моро ба озмоишгоҳҳо роҳ намедоданд

 Ин сокини ноҳияи Ҳамадонӣ гуфтааст, ки “Арактор” сохтаи маҳсули тахайюли худаш буда, қисмҳои онро аз ҳар куҷо ҷамъ овардааст.

“Ин техникаи сохтаи мо, арра дорад, ки тавассути муҳаррики худи мошин кор мекунад. Дар ин мошин дастгоҳи кафшергарӣ (сварка) ҳам насб карда мешавад”, - гуфтааст Раҳмон.

“Арактор” ҳарчанд ба фарқ аз дигар мошинҳои хориҷӣ дизайни хуб надорад, вале ҳаркати он ронандаҳои зиёдро ба ҳайрат овардааст.

Ин мошин як қатор корҳоро ба иҷро мерасонад, аз ҷумла бурриши тахтаҳои болопӯши иморатҳоро, ки дар шароити русто, мардум ба иҷрои ин корҳо зиёд эҳтиёҷ доранд. Зимнан Раҳмон бо “Арактор” аш, ки ҳамчун устохонаи сайёр ба ҳисоб меравад, барои иҷрои корҳои сохтмонии фармоишшуда ба ҳар куҷо сафар мекунад.

“Дар роҳ бисёре аз ронандаҳо аз дидани ин мошини ман ба ҳайрат меафтанд. Маро нигоҳ дошта мепурсанд, ки ин чи навъ мошин аст? Ман барои онҳо дар бораи ин мошини сохтаам мефаҳмонам”, - мегуяд Раҳмон.

 Дар кори идораи ин мошин ҳамроҳ бо соҳибаш, ду нафари дигар ҷалб шудаанд ва аз роҳи меҳнати ҳалол рӯзӣ дарёфт мекунанд.

 “Муҳандис” и “Арактор” Раҳмон Абдуҳалимов мегуяд, ки дар курси муҳандисӣ таҳсил накардааст, балки пешаи рассомиро дӯст медорад.

Сохтаи ин мошин ҳам, ки бо дизел ҳаракат мекунад, маҳсули тахайюл ва дастранҷӣ худаш аст.

Ин сокини ноҳияи Мирсаид Алӣ Ҳамадонӣ азм дорад, мошини дуюмини худро созад, ки барои анҷом додани кору бори деҳот пешбинӣ шуда ва иқтидори кории он аз “Арактор” бештар хоҳад буд.

Лентаи хабарҳо
0