Бонуи ихтироъкори тоҷик: моро ба озмоишгоҳҳо роҳ намедоданд

© Минздрав ТаджикистанаИсследовательница Мавлуда Давлатмамадова, архивное фото
Исследовательница Мавлуда Давлатмамадова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мавлуда Давлатмамадова мегӯяд дар баробари дастгириҳои ҳукумат мушкилоте ҳаст, ки барои пешбурди кори илмӣ монеъ мешавад

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Бонуи ихтироъкори тоҷик Мавлуда Давлатмамадова аз  19 то 26 июни соли равон дар  12умин "Форумизанони ихтироъкор" дар байни 28 давлат ва зиёда аз 274 иштирокчӣ, дар шаҳри Сеули давлати Кореяи Ҷанубӣ, сазовори ду медали тилло шуд. 

Мавлуда Давлатмамадова ходими илмии шӯъбаи “Фармакогнозия, технологияи дору ва биотехнология”-и Муассисаи давлатии “Маркази илмию тадқиқотии фарматсевтӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Линейный парк Seoullo 7017 в Сеуле, Южная Корея - Sputnik Тоҷикистон
Мавлуда Давлатмамадова - бонуи ихтироъкори тоҷик, ки аз Сеул ду медали тилло овард

Номбурда 17 апрели соли ҷорӣ таҳти роҳбарии Академики академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фарматсевтӣ, профессор Юсуфӣ Саломуддини Ҷаббор ва доктори илмҳои техникӣ профессор Рузиев Ҷура Раҳимназарович рисолаи номзадии худро ҳимоя намуда, сазовори  номзади илмҳои техникӣ гардид.

Ӯ инчунин дар конфронси байналмилалии “Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ дар Тоҷикистон, “Рӯзи ихтироъкорону навоварон”,  ки 26 апрели соли равон доир гашт, сазовори дипломи дараҷаи 3 ва ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон” аз рӯи номинатсияи  “Зиёдтарин миқдори патент барои ихтироот” ва сазовори дипломи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

Мавлуда Давлатмамадова  яке аз он бонувони ихтироъкор мебошад, ки аввалин шуда дар ҳудуди ҷумҳурӣ хокаи кӯдаконаро аз талки кони Мулвоҷ, ки дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир аст, кашф намудааст.

Давлатмамадова дар суҳбат бо хабарнигори хадамоти матбуотии Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар барои дастгириҳои раисиҷумҳур ва вазири тандурустӣ, мушкилоти соҳа ва нақшаҳояш гуфт.

Полвека назад человек впервые вышел в открытый космос. - Sputnik Тоҷикистон
Эълони озмуни Ихтироъкори беҳтарин дар Тоҷикистон

"Воқеан, имрӯз ғамхорӣ ва дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат аз занону бонувони кишвар ҳар лаҳза эҳсос мегардад. Занону бонувони тоҷик имрӯз на танҳо роҳбар ва сиёсатмадор ҳастанд, балки онҳо низ метавонанд дар қатори мардон рӯ ба илм ва ихтироъкорӣ биоваранд", - изҳори сипос мекунад, Давлатмамадова.

Ин бонуи ихтироъкор дар байни 28 давлат ва зиёда аз 274 иштирокчӣ, ки дар шаҳри Сеули давлати Кореяи Ҷанубӣ, сазовори ду медали тилло шуд. Аз он рӯзи шодмонӣ ёд карда Мавлуда мегӯяд, бовар надошт, ки сазовори ҷойи аввал мегардад, чун намояндагони кишварҳои мутаррақии ҷаҳон зиёд буданд.

"Вақте намояндагони форум ба назди мо омаданд, хеле кӯшиши зиёд намудам, ки вобаста ба лоиҳаи хеш ба онҳо маълумоти кофӣ бидиҳам.  Кӯшиш менамудам  ба онҳо бифаҳмонам, ки патенти мо на дар Тоҷикистон, балки дар дигар давлатҳо низ метавонад қадр ва манзалат дошта бошад", - ба ёд меорад Давлатмамадова.

Ночь в музее в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Муҳандис-соҳибкор аз шаҳри Хуҷанд дастгоҳи кулолгарӣ ихтироъ кард

 

Мавлуда Давлатмамадова  аввалин шуда дар ҳудуди ҷумҳурӣ хокаи кӯдаконаро аз талки кони Мулвоҷ, ки дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир аст, кашф намудааст.

Талки кони “Мулвоҷ” дар ноҳияи Ишкошим ҷойгир буда, миллионҳо тонна захира дорад. Вобаста ба хусусият ва манфиатҳои тиббияш ҳанӯз кашфношуда боқӣ мондааст. Он танҳо аз сӯи геологҳо кашф гардидааст. Кони мазкур на танҳо ба соҳаи тиб, инчунин ба соҳаҳои  сохмон, соҳаи қоғазбарорӣ, қаннодӣ ва дар умум дар 24 номгӯи маводи дигар имкони истифода шуданро дорад.

"Ихтирооти ман хокаи кӯдаконаи “Талк” мебошад. Хокаи кӯдаконаи ихтироъшуда дар таркибаш се молекулаи оксиди магний, чор молекулаи оксиди кремний ва молекулаи об дорад, дорои панҷараи кресталӣ мебошад. Ин намуди панҷара сатҳи пӯстро нағз нигоҳ медорад, зеро зуд ҷаббида намешавад. Хокаи кӯдаконае, ки  ихтироъ намудам, технологияи коркарди он душвор набуда, аз маҳсулоте омода гардидааст, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ ёфт мешавад. Аз ҷумла, кислотаи хлорид, ки имрӯзҳо дар ноҳияи Ёвон мавриди коркард аст. 99 дарсади талке (маводи хокимонанд), ки дар Тоҷикистон мавҷуд аст, барои хокаи кӯдакона қобили истифода мебошад", - шарҳ медиҳад Давлатмамадова.

Школьники. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Наврасони хуҷандӣ киштиҳои кайҳонпаймо ва дарёпаймои ояндаро ихтироъ карданд

Ба гуфти Давлатмамадова хокаи кӯдаконаи “Талк” дар шароити лабораторӣ санади тасдиқкунанда дорад, аммо дар саноат ҳанӯз  ҷорӣ нашудааст, зеро барои он корхонаи алоҳида ва маблағ лозим аст.

Бонуи ихтироъкор яке аз мушкилоти мавҷудаи соҳаро нокифоя будани озмоишгоҳҳо медонад.

"Масалан, аз он ки банда тӯли даҳ сол дар ин самт фаъолият намуда истодаам, аз ин озмоишгоҳ ба он озмоишгоҳ меравам, то кори хешро ба сомон расонам. Агар тӯли ин муддат кори худро дар як озмоишгоҳ анҷом медодам, вақти ман камтар сарф мешуд ва ҳарчи зудтар кори илмиамро ҳимоя ва ихтироотамро барвақт ба анҷом мерасонидам", - мегӯяд бонуи ихтироъкор.

"Ҳолатҳое буданд, ки моро ба озмоишгоҳҳо роҳ намедонанд, бо масъулини онҳо баҳс менамудем. Ин мушкилот арзи вуҷуд дорад ва  хеле мехоҳам, ки як озмоишгоҳи фармакологӣ  дар кишвар таъсис дода шавад, то тамоми  гиёҳҳо ва маъданҳои дар кишвар вуҷуд дошта дар он коркард бишаванд", - гила мекунад Давлатмамадова.

Мавлуда Давлатмамадова нақшаҳои зиёд дорад. Ӯ мегӯяд, агар лоиҳаҳо дастгирӣ ёбанд, дар оянда дар самти дорусозӣ ва  косметалогия низ ихтироъҳои хешро ба миён меорад, зеро имрӯз талабот ба ин ду соҳа воқеан хеле зиёд аст.

"Мехоҳам маҳсулоти дар ин самт  истифодашавандаро аз гиёҳҳои шифобахши кишвари азизамон барои истифода ихтироъ ва пешниҳод намоям. Мутаассифона, дар соҳаҳои дорусозӣ ва косметалогия имрӯз бештар аз маводи сунъӣ истифода мешавад, на аз гиёҳҳои табиӣ", - хулоса кард Давлатмамадова.

Лентаи хабарҳо
0