Ҳалокати 12 нафар бар асари сармо дар Бишкек

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкМужчина на улице в морозный день, архивное фото
Мужчина на улице в морозный день, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Котиботи Вазорати беҳдошти Бишкек мегӯяд, ки давоми 10 рӯзи ахир дар кӯчаву паскӯчаҳои шаҳр 11 нафар одамони бехонаву дарро пайдо карданд

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Ду шабонарӯзи ахир аз ҳисобии хунукии бесобиқа дар шаҳри Бишкек беш аз 10 нафар ба ҳалокат расиданд, хабар медиҳад мудири маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббӣ Дониёр Кошоков.

Ҷавонони Кобул худро дар назди оташ гарм мекунанд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҳалокати 30 кӯдак аз хунукӣ дар шимоли Афғонистон

Ҳарорати ҳаво дар Қирғизистон тайи чанд рӯзи ахир бесобиқа хунук аст.

"Аз 24 то 25 - уми ноябр  бар асари ҳарорати сарди ҳаво 5 нафар, се зан ва 2 мард ҷони худро аз даст доданд. Шаби 25 - ум ба 26 - уми ноябр бошад, 7 нафари дигар, 1 зан ва 6 мард ҷони худро аз даст доданд",- изҳор намудаст Кошоков

Зимнан котиботи Вазорати беҳдошти Қирғизистон хабар медиҳад, кикормандони ёрии таъҷилӣ  дар 10 рӯзи ахир аз кӯчаҳои шаҳр 11 нафар бе ҷойи истиқоматро пайдо карданд ва онҳоро ба муассисаҳои махсуси тиббӣ интиқол доданд.

Сардшавӣ ва боришоти барфу борон: ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон то 15 дараҷа поён мефарояд

Бояд гуфт, ки шаби 27 - уми ноябр ҳарорати ҳаво дар Бишкек то 10 дараҷа сард мешавад.

Лентаи хабарҳо
0