ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Дар натиҷаи боришоти зиёди барф, дар деҳкадаи Ҷузҷон роҳҳои мошингард миёни қишлоқ ва табобатхонаҳо баста шуданд, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба оҷонсии Синхуа.
"На кам аз 27 нафар кӯдак аз хунукӣ дар деҳкадаи Ҷузҷони Афғонистон ба ҳалокат расиданд. Барфи зиёд роҳи минтақаро байни деҳа ва беморхона баст",-хабар дод раиси ноҳия-Раҳматулло Ҳашар.
Бориши барф, ки якчанд рӯз пеш оғоз шуд, ба ташаккули қабати нимметрии барф дар баъзе аз минтақаҳои вилоят оварда расонд. Марги кӯдакон дар фасли сармо дар Афғонистон ҳодисаи такрорӣ аст.
Қаблан хабар дода шуд, ки дар пайи сардиҳои шадид, дар ВМКБ ширкати "Помир Энерҷӣ" дар баъзе аз ноҳияҳо то 4 соат лимити барқ ҷорӣ намуд.
Директори генералии ширкати "Помир Энерҷӣ" Далер Ҷумаев изҳор дошт, ки дар пайи сардиҳо ҳаҷми оби дарёи Ғунд тақрибан ду маротиба кам шуда, имкон намедиҳад то кори нерӯгоҳи обии "Помир-1" ва "Хоруғ" бо пуррагӣ ба роҳ монда шавад.
Раиси вилоят Шодихон Ҷамшед дар навбати худ қайд кард, ки сабаби дигари ҷорӣ намудани лимити барқ шояд интиқоли барқ ба ҳамсоякишвар Афғонистон бошад ва даъват намуд, ки дар навбати аввал бояд истеъмолкунандагони ватанӣ бо барқ таъмин шаванд.