Доми гурӯҳҳои ғаразнок. Коррупсия, терроризм... ва ҷавонони Тоҷикистон

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкМосковский общегородской праздник "Навруз-2018"
Московский общегородской праздник Навруз-2018 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар як мулоқот бо донишҷӯён дар шаҳри Хуҷанд мақомот аз хатари коррупсия, бегонапарастӣ, ифротгароӣ ва хиёнаткорӣ ва боло гузоштани манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ сӯҳбат карданд

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Ин мулоқот бо ибтикори ҳукумати шаҳри Хуҷанд дар Донишкадаи иқтисоду савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон баргузор шуд.

Пустое кресло - Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи кор бо ҷавонон мутахассис меҷӯяд: маош аз 768 то 936 сомонӣ

Устодон ва донишҷӯён мавзӯҳои фавқро бо намояндагони ҳукумати шаҳри Хуҷанд ба баҳс гирифтанд.

Ҳотам Маҳмудов, намояндаи ҳукумати шаҳр ва собиқадори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон коррупсия - фасодро як зуҳуроти номатлубе унвон кард, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад.

“Маҳз коррупсия рушди иқтисодиётро бозмедорад ва шароити истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятиро фароҳам оварда, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад”, - гуфт Маҳмудов.

Усмон Юсуфӣ, ширкати мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд, шиддат гирифтани ифротгароиву терроризм ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллиро як зуҳуроти ҷаҳонӣ хонда, гуфт, муқовимати ҷомиаи Тоҷикистонро бо онҳо муҳим хонд.

“Баъзе аз ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мегараванд, ки ҷои нигаронист. Ҷавонон бояд ҳушёриву зиракиро аз даст надода, фирефтаи доми гурўҳҳои ғаразнок, ки зери қаноти хоҷагони худ аз хориҷи кишвар истода, ҷиҳати ноором намудани вазъи сиёсии кишвар сангпартоӣ мекунанд, нашаванд.”, - гуфт Юсуфӣ.

РВУД Душанбе мегӯяд, ҳолати сабтшуда дар навор на облава, балки боздошти муттаҳамон дар майдаавбошӣ буд - Sputnik Тоҷикистон
Омбудсмени нави Тоҷикистон дар бораи “облава” ва латукӯби ҷавонон

Дар Тоҷикистон аз соли 2013 ба ин сӯ “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020” ва аз соли 2016 “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” қабул шудааст.

 Аммо ҳарчанд муҳлати ин стратегияҳо ба охир мерасад, мақомот ва ҷомиа аз афзоиши коррупсия ва хатари терроризму экстремизм бештар сӯҳбат ва изҳори нигаронӣ мекунанд.

Аксари коршиносон бар ин назаранд, ки далоили афзудани гароишоти ҷавонони тоҷик ба созмонҳои мамнӯи терористӣ ва экстремистӣ вазъи ногувори иқтисодии кишвар, аз қабили фақру бекорӣ ва рушди кунди иқтисодӣ аст. Ба қавли онҳо ба ҷуз аз ин ки ҷавонони бекору фақир аз сӯи созмонҳои террористӣ гумроҳ карда мешаванд, яке аз сабабҳои рушди кунди иқтисодии кишвар маҳз коррупсия дар сатҳҳои болову пойини ниҳодҳои ҳукуматӣ аст.

Лентаи хабарҳо
0