ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон барои мансабҳои холӣ дар шаҳри дар Душанбе, вилояти Хатлон, Суғд, ВМКБ, ва шаҳру ноҳияиҳои тобеи ҷумуҳрӣ озмун элон намудааст.
Масъулини кумитаи таъкид намудааснд, ки маоши вазифавии мутахассисоне, ки ба кор ҷалб карда мешаванд аз 768 то 936 сомониро ташкил медиҳад.
Манбаъ зикр намудааст, ки дар дастгоҳи марказь ба ду мутахассис, дар вилояти Хатлон ба 12 мутахассис, Суғд ба 7 нафар, дар ВМКБ ба 1 нафар ва дар Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 3 нафар дар Душанбе ба 1 нафар мутахассиси ҳирфаӣ, ки тариқи озмун интихоб мешаванд ниёз дорад. Дар маҷмӯъ ин Кумита ба 26 мутахассис ниёз дорад.
Манбаъ таъкид намудааст, ки нафароне, ки барои мансаби сардори Шуъба даъво хоҳанд кард бояд дорои таҳсилоти олии касбӣ, чаҳор соли собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ бошанд.
Барои ишғоли мансаби сармутахассис, таҳсилоти олии касбӣ, ду сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ лозим будааст.
Аммо барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар ва мутахассис таҳсилоти олии касбӣ, ва як соли собиқаи умумии меҳнатӣ.
Рӯйхати пурраи вазифаҳои холӣ дар сомонаи расмии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон нашр шудааст.