Омбудсмени нави Тоҷикистон дар бораи “облава” ва латукӯби ҷавонон

© акс аз сомонаи РВУД ДушанбеРВУД Душанбе мегӯяд, ҳолати сабтшуда дар навор на "облава", балки боздошти муттаҳамон дар майдаавбошӣ буд
РВУД Душанбе мегӯяд, ҳолати сабтшуда дар навор на облава, балки боздошти муттаҳамон дар майдаавбошӣ буд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Умед Бобозода, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мегӯяд, ҳолатҳои “облава”, ё худ бо зӯроварӣ ба хидмати ҳарбӣ бурдани ҷавонон дар кишвар кам шудааст

ДУШАНБЕ, 18 июл - Sputnik. Бобозода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба суол дар бораи тариқи “облава”, бо зӯроварӣ ба хизмати ҳарбӣ бурдани ҷавонон дар кишвар гуфт, расман чунин муроҷиатҳо вориди дафтари ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон нашудаанд.

Мотострелковая дивизия на границе с Афганистаном - Sputnik Тоҷикистон
Бародарамро дар хизмат азоб доданд: Чаро Хуҷанду Ғафуров нақшаи даъватро иҷро накарданд

“Шояд дар амалия бошад, аммо расман муроҷиат нашудааст”, - изҳор дошт Бобозода. Ӯ дар идома афзуд, ки солҳои охир чунин ҳолатҳо кам шудаанд ва онро натиҷаи чораандешии мақомоти ваколатдор арзёбӣ намуд.

Ин дар ҳолест, ки ҳамасола шикоятҳо дар бораи тариқи “облава” ба хизмати ҳарбӣ ҷалб шудани ҷавонон садо медиҳанд. Аз ҷумла дар мавсими даъвати баҳории соли равон наворе нашр шуд, ки ба гуфтаи муаллифон ҳолати “облава” мебоошад. Дар навори паҳншуда талоши бо зӯр ворид кардани ҷавонон ба як худрави сабукрав сабт шуда буд, аммо ҷавонон бо пойфишорӣ раҳо мешаванд. Ронандаи мошин, ки либосҳои мулкӣ дошт, бо дидани таваҷҷуҳи мардум рақами мошинашро канда, пинҳон намуд.

Операция правоохранительных органов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҷустуҷӯи байналмилалии сарбозони тоҷик

Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе дар шарҳи навори мазкур гуфт, дар он на “облава”-и ҷавонон дар маркази пойтахт, балки ҳолати майдаавбошӣ сабт шуда буд. Ба гузориши РВУД, шоҳидони ҳодиса бехабар аз асли қазия, онро ҳамчун ҳолати “облава” дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд.

“Муайян карда шуд, ки санаи 23 апрел дар назди Боғи афсона, воқеъ дар кӯчаи “Спартак” шаҳрванд Наврузов Ифтихор Нурмаҳмадович соли таваллудаш 2001 бо шаҳрванд Ҳусейни Маҳмадризо, соли таваллудаш 2001 ҷанҷол намуда, якдигарро дашномҳои қабеҳ карда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудаанд. Дар ин ҳолат аз ҷониби нозирони минтақавии милитсия дастгир карда шуда, ба мақомоти милитсия дастрас шудаанд”, - иттилоъ дода буд манбаъ.

Додгоҳи Душанбе ҷавонони муттаҳам дар майдаавбоширо ба ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ё 385 сомонӣ ҷарима баста буд.

Лентаи хабарҳо
0