ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории “Parstoday”, ба нақл аз сомонаи Тоҷикта, Ризо Фаррух-намояндаи Бонки рушди Осиё дар Тоҷикстон гуфтааст,ки ин кумаки молӣ барои тавсиъаи зерсохтҳои гардишгарии ин кишвар сарф хоҳад шуд.
Вай манзараҳои куҳистонӣ, табиати зебо , вуҷуди маконҳои бостонӣ ва торихӣ ва воқеъ шудани Тоҷикистон дар масири ҷодаи қадими Абрешимро аз ҷаззобиятҳои гардишгарии ин кишвар унвон кардааст, ки бояд барои рушд ва тавсиъаи зерсохтҳои мавриди ниёз дар ин замина сармоягузорӣ шавад.
Аз дидгоҳи Ризо Фаррух аз зарфиятҳои мавҷуди гардишгарӣ дар Тоҷикистон то ба ҳол камтар истифода шудааст, ки бояд ин вазъ ислоҳ гардад.
Тарҳи сармоягузории 10 миллиондолларии Бонки рушди Осиё заминаи афзоиши даромадҳои молии Тоҷикистон, эҷоди ҷойҳои нави корӣ, ҷазби сармоягузории хориҷӣ ва тавсиъаи зерсохтҳои гардишгарии ин кишварро фароҳам месозад.
Ҳукумати Тоҷикистон барои ин тарҳ 1 миллион доллар ба унвони саҳми хеш ихтисос хоҳад дод.
Тарҳи ёдшуда то соли 2024 дар Тоҷикистон иҷроӣ хоҳад шуд.