Бонки Рушди Осиё ба Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 400 миллион доллар кумак мерасонад

© wikimedia.orgАзиатский банк развития. Архивное фото
Азиатский банк развития. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки Рушди Осиё аз расонидани кумаки молӣ дар ҳаҷми 404 миллион доллар ба Тоҷикистон дар солҳои 2020 то 2022 барои рафъи чолишҳо ва ниёзҳои Тоҷикистон хабар додааст

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Бонки Рушди Осиё ахиран эълом кард, ки ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 404 миллион доллар кумак хоҳад кард, иттилоъ додааст намояндагии Бонк дар ҷумҳурӣ.

Сел дар Даштак. Дарвоз - Sputnik Тоҷикистон
БРО ба Тоҷикистон 10 миллион доллар ҷудо кард

Бонк қайд намудааст, ки барномаи сесолаи ин бонк мутобиқ бо роҳбурдҳои мушорикатӣ бо Тоҷикистон ва авлавиятҳои тавсеаи миллии ин кишвар аст.

Илова бар сармоягузорӣ дар бахшҳои умумӣ, Бонки Рушди Осиё дар назар дорад то сармоягузорӣ дар бахшҳои хусусии тиҷорӣ, молӣ ва дигар бахшҳоро низ баррасӣ кунад.

Бонки Рушди Осиё ҳамчунин дар назар дорад бо ин сармоягузорӣ аз тарҳҳои мутамаркиз бар тавсеаи гардишгарӣ, беҳсозии роҳҳои муҳим, тавсеаи зерсохтҳои шаҳрӣ ва афзоиши муқовимат дар баробари офатҳои табиӣ пуштибонӣ кунад.

Ёдрас мешавем, ки нахустин кумаки Бонки Рушди Осиё ба Тоҷикистон дар соли 1998 барои ҳимоят аз бозсозӣ ва ислоҳоти пас аз ҷанг буд.

Лентаи хабарҳо
0