ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Қурбониёни бархӯрди мусофирбар бо мошини боркаш шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон мебошанд, хабар додаст котиботи раёсати умури дохилии вилояти Оренбург.
Садамаи мудҳиш тақрибан соати 6:10 бо вақти маҳаллӣ ва 4:10 бо вақти Маскав дар маҳаллаи Чистий рух додаст.
“Дар километри 15-уми роҳи Оренбург – Акбулак мусофирбари хурди Hyundai ва фура бархӯрдаанд. Сабаби садама феълан мавриди таҳқиқ қарор дорад”, - омадааст дар иттилоияи пулиси Оренбург.
Тибқи иттилои ахир, дар пайи садама 6 нафар, аз ҷумла кӯдаки 6-сола ба ҳалокат расида, ду нафари дигар дар ҳолати вазнин дар беморхона бистарӣ шудаанд. Бар асоси иттилои пешакӣ мусофирони микроавтобус шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон будаанд, хабар додаст пулис.
Мошини боркаш рақамҳои қайди давлатии Қазоқистон ва мусофирбари хурд рақамҳои минтақаи Ростови Русияро доштааст.