Чор куштаю се маҷруҳи вазнин дар Хатлон: на ҳамаи қурбониҳо шинохта шудаанд

© Пресс-служба ГУ МЧС России по Кр / Гузариш ба медиабонкВ результате ДТП погиб мужчина
В результате ДТП  погиб мужчина - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз садамаи пурқурбонӣ дар ҳудуди ноҳияи Кушониён хабар дод, ки 4 куштаю 3 маҷруҳ барҷой гузоштаст ва феълан шахсияти на ҳамаи қурбониён маълум шудааст

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД Тоҷикистон, садама 9-уми ноябри соли 2019, тахминан соатҳои 16:20-дақиқа рух дод.

ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе - Кӯлоб: ронандаи маст 4 кушта барҷой гузошт

Қудрат Муъминов, ронандаи 42-солаи “Опел-Астра”,  сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Данғара ба самти шаҳри Бохтар дар ҳудуди ноҳияи Кушониён, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар самти муқобили ҳаракат бо  “Опел-Астра, таҳти идораи Муҳсин Рамазони Табарзод, зодаи соли 1990, сокини ноҳияи Данғара, бархӯрдааст.

ВУД таъкид намуд, ки ҳар ду ронанда ва ду мусофир - Маҳмадалиев Ҷурахон Маҳмадаминович, мутаваллиди 1962, сокини ноҳияи Данғара ва як нафари дигар, ки шахсияташ номаълум мебошад, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Садамаи маргбор дар роҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ”: ронандаи “ВАЗ-2106” ба ҳалокат расид

Манбаъ илова намуд, ки мусофирони дигар - Давлатов Рамазон, зодаи соли 1998, сокини ноҳияи Балҷувон, Амирҷони Сафархон, мутаваллиди соли 2001, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ва як нафари дигараш, ки шахсияташ номаълум мебошад, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Лентаи хабарҳо
0