ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошияш гуфт, парчами озодӣ ва соҳибдавлатии халқи тоҷик дар Иҷлосияи таърихӣ ва сарнавиштсози 16-уми Шӯрои Олӣ қабул гардид ва баъдан, 24 ноябри соли 2009 Рӯзи Парчами давлатӣ эълон шуд, ки имсол ба ин сана даҳ сол пур мешавад.
“Қобили зикр аст, ки ойини бостонии парчамдорӣ - аз дирафши ковиёнӣ то парчами имрӯзаи давлатӣ - дар тӯли таърихи дуру дарози тоҷикон имкон фароҳам овард, ки миллати сарбаланди мо таҳти ин рамзи ватандорӣ дар муқобили ҳама гуна таҳдидҳо истодагарӣ карда, мероси ғании ниёгон, арзишҳои бостонии миллӣ ва дар маҷмӯъ, ҳастии миллати худро ҳифз намояд”, - изҳор дошт раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Ӯ афзуд, қабули Парчами давлатӣ дар вазъияти ниҳоят ҳассос – нахустин солҳои таърихи давлати ҷавону тозаистиқлоламон ба мардуми мо тавони тоза бахшид, эҳсоси миллиро такон дод, қувваҳои солими ҷомеаро муттаҳид сохт ва онҳоро нерӯ бахшид, ки таҳти парафшонии парчами давлати озоди худ сохтори конститутсиониро барқарор намоянд.
“Рӯйдодҳои охири ҷаҳони муосир нишон медиҳанд, ки воқеаҳои даҳшатноку фоҷиабор, ки дар натиҷаи бархӯрди манфиатҳои қудратҳои сиёсии ҷаҳонӣ ба амал меоянд, барои хатару таҳдидҳои нав, ба монанди вусъат ёфтани фаъолияти гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ замина фароҳам оварда, ба амнияти давлатҳо, аз ҷумла ба фазои орому осоиштаи Тоҷикистони азизи мо таҳдид менамоянд”, - таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.
Вай илова намуд, ки мо бояд ба масъалаи суботу амнияти Ватани азизамон ва ҳифзи давлату давлатдорӣ диққати боз ҳам бештар дода, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, манфиатҳои миллии худро ҳифз намоем ва дар зери Парчами давлатӣ ҳамеша муттаҳиду сарҷамъ бошем.