ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Дар Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майдони Парчами даватии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда мешавад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.
Бино бар иттилои манбаъ, рӯзи 18 декабри соли равон Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба корҳои сохтмонии майдони мазкур оғоз бахшид.
Манбаъ таъкид намудааст, ки майдони Парчами давлатӣ дар шафати Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов ва дар масоҳати 1 гектар бунёд мегардад.
“Майдон дорои гулгашту нишастгоҳҳо ва фаввораҳо хоҳад буд, ки ба ҳусни ҷамоат шукуҳи хоса зам менамояд”, - иттилоъ додааст манбаъ.