Ҳизби ҳоким дар Норак ба 107 сокинони ниёзманд ва ятимон кумакҳои моддиву молӣ расондааст

© © пресс-служба "Сангтудинская ГЭС-1"ОАО "Сангтудинская ГЭС-1" оказало благотворительную помощь, приуроченную к Международному дню пожилых людей
ОАО Сангтудинская ГЭС-1 оказало благотворительную помощь, приуроченную к Международному дню пожилых людей - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон зимни сафари кориаш ба шаҳри Норак хабар додааст , ки аъзоёни ҲХДТ ба сокинони эҳтиёҷманд, ятимону кулл, бепарасторони шаҳр дар ҳаҷми 24 ҳазор сомонӣ кумак расонидааст

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Аъзоёни ҲХДТ ба 107 сокинони эҳтиёҷманд, ятимону кулл, бепарасторони шаҳри Норак дар ҳаҷми 24 ҳазор сомонӣ куммакҳои моддиву молӣ расонидааст.

Зам. председатель Хатлонской области Махфират Хидирзода подарил автомашину Меседес-бенс сотрудникам НДПТ в районе Дусти хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон
Махфират Хидирзода ба масъулини ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ мошини “Мерседес” тӯҳфа кард

Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон иттилоъ додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, ахиран Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Норак дар маросими ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ширкат варзиданд.кард.

Зимни ифтитоҳи бино Қурбон Ҳакимзода зикр намуд, ки аъзои ҲХДТ дар 10 моҳи соли равон фаъолони ҳизб дар Норак ба маблағи қариб 24 ҳазор сомонӣ ба 107 нафар сокинони эҳтиёҷманд, ятимону кулл, бепарасторони шаҳр кумакҳои моддию молиявӣ расониданд.

“Бо ибтикор ва саҳмгузории сокинон ва аъзои ҳизб имсол 10 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия таъмиру тармим гардида, зиёда аз 160 метр роҳҳои байни деҳаҳо мумфарш шудаанд”, - таъкид намудааст Қурбон Ҳакимзода.

Манбаъ қайд намудааст, ки алҳол, шумораи аъзои ҲХДТ дар шаҳри Норак ба 4082 нафар расидааст. Аз ин шумора 2374 (58,2%) нафарашон занон ва 1089 нафарашон (27%) ҷавонони то 30-сола мебошанд. Ҳамаи онҳо дар 81 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ муттаҳид шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0