Овозҳои тиллоӣ ва рақсҳои шинам: Рӯзҳои фарҳангии Узбакистон дар Тоҷикистон - акс

Обуна шудан
Ҳунармандони машҳури Ҷумҳурии Узбакистон бо ҳунари волои худ дар Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ ба тамошобинони тоҷик барномаи басо зебо ва фаромӯшнашавандаро пешкаш намуданд

Нахуст консерти ҳайати фарҳангиёни узбак дар толори театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ баргузор гардид.

Министр культуры Узбекистана и Таджикистана Шамсиддин Орумбекзаде и Бахтияр  Сайфулаев  - Sputnik Тоҷикистон
Вазири фарҳанги Узбакистон: "Мо як халқ ҳастем, ки бо ду забон сухан мекунем"

Фарҳангиёни Ҷумҳурии Узбакистонро дар даромадгоҳи театр бо навои дафу рубоб ва карнаю сурнай пешвоз гирифтанд. Меҳмонии фахрии ин маъракаи фарҳангӣ барои тамошобинони тоҷик Шералӣ Ҷураев буд.

Зимнан, дар баробари Ҷураев сарояндаҳои дигари машҳури ин кишвар ба мисли Ғуломҷон Яъқубов ва Маҳмуд Намозов низ бо ҳунари волои худ ҳамагонро тасхир намуданд.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 13 ноябри соли 2019 ҳайати расмӣ ва эҷодии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Узбакистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Данғара сафар намуданд.

Ситораҳои эстрадаи Узбакистон ба Тоҷикистон меоянд

Бино ба гузориши Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, меҳмононро дар ин сафар муовини аввали вазири фарҳанг Обидҷон Назариён ва сафири Узбакистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов ҳамроҳӣ кардаанд.

Официальный прием в национальном парке Вахдат по случаю ярмарки СУГД-2018 - Sputnik Тоҷикистон
Вазири фарҳанги Узбакистон бо 50 нафар вориди Тоҷикистон мешавад

Дар Қасри фарҳанг бо суханронии раиси ноҳияи Данғара Исломиддин Раҳмон ва сафири Узбакистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов барномаи бошукӯҳи фарҳангии Рӯзҳои фарҳанги Узбакистон дар Тоҷикистон шурӯъ гардидааст.

Сафир зикр намудааст, ки дар як соли охир 1700 ҳазор нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба Узбакистон ва тақрибан ҳамин қадар шаҳрвандони Узбакистон ба Тоҷикистон сафар намудаанд.

"Халқи тоҷик ва ӯзбек аз қадим дар ҳамсоягиву бародарӣ зиста, урфу одат, анъана, тарзи рӯзғордории ягона доранд. Дар дунё мисли халқҳои тоҷику ӯзбек дигар ду халқе нест, ки то ин андоза бо ҳам дӯсти наздик бошанд", - гуфтааст сафир.
Манбаъ афзуда, ки оҳанги дилнавози узбакӣ, рақсу суруди ҷаззоби диданӣ манзури аҳли толор гардидааст.

© Sputnik / Амир ИсаевИфтитоҳи маъракаи Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Узбакистон дар Тоҷикистон, дар бинои Театри давлати академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
Государственный академический театр оперы и балета им. С.Айни - Sputnik Тоҷикистон
1/10
Ифтитоҳи маъракаи Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Узбакистон дар Тоҷикистон, дар бинои Театри давлати академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
© © Sputnik / Амир ИсаевҲайати фарҳангиёни давлати Узбакистонро бо садои дафу карнай пешвоз гирифтанд
Дни культуры Узбекистана в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
2/10
Ҳайати фарҳангиёни давлати Узбакистонро бо садои дафу карнай пешвоз гирифтанд
© © Sputnik / Амир ИсаевРақосаи гурӯҳи рақсии "Тошканд Зеболарӣ"
Дни культуры Узбекистана в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
3/10
Рақосаи гурӯҳи рақсии "Тошканд Зеболарӣ"
© Sputnik / Амир ИсаевДар баробари рақси зебои гулдухтарони узбак, рақосаҳои тоҷик низ ҳунарнамоӣ карданд
Дни культуры Узбекистана в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
4/10
Дар баробари рақси зебои гулдухтарони узбак, рақосаҳои тоҷик низ ҳунарнамоӣ карданд
© © Sputnik / Амир ИсаевМеҳмони фахрии маъракаи мазкур ин овозхон ва ҳунарманди машҳури узбак Шералӣ Ҷураев буд
Дни культуры Узбекистана в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
5/10
Меҳмони фахрии маъракаи мазкур ин овозхон ва ҳунарманди машҳури узбак Шералӣ Ҷураев буд
© © Sputnik / Амир ИсаевШералӣ Ҷураев сурудҳои машҳури худро пешкаши тамошобинон кард
Шерали Джураев - Sputnik Тоҷикистон
6/10
Шералӣ Ҷураев сурудҳои машҳури худро пешкаши тамошобинон кард
© © Sputnik / Амир ИсаевМаросими Рӯзҳои фарҳангии Узбакистонро либоси шинам, рақосаҳои зебо ва моҳир ҷолибтар гардонданд
Дни культуры Узбекистана в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
7/10
Маросими Рӯзҳои фарҳангии Узбакистонро либоси шинам, рақосаҳои зебо ва моҳир ҷолибтар гардонданд
© © Sputnik / Амир ИсаевРақосаи узбак зери навои гурӯҳи "Мақом" ҳунарнамоӣ мекард
Дни культуры Узбекистана в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
8/10
Рақосаи узбак зери навои гурӯҳи "Мақом" ҳунарнамоӣ мекард
© © Sputnik / Амир ИсаевБаромади овозхонҳои узбак Ғуломҷон Яъқубов ва Маҳмуд Намозов дар маъракаи идона
Гуломджон Ёкубов - Sputnik Тоҷикистон
9/10
Баромади овозхонҳои узбак Ғуломҷон Яъқубов ва Маҳмуд Намозов дар маъракаи идона
© © Sputnik / Амир ИсаевТамошобинони тоҷик ба маҳорат ва малакаи ҳунармандони узбак баҳои баланд доданд
Дни культуры Узбекистана в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
10/10
Тамошобинони тоҷик ба маҳорат ва малакаи ҳунармандони узбак баҳои баланд доданд
Лентаи хабарҳо
0