https://sputnik.tj/20191111/Vaziri-farhangi-Uzbakiston-bo-50-nafar-voridi-Tojikiston-meshavad-1030195772.html
Вазири фарҳанги Узбакистон бо 50 нафар вориди Тоҷикистон мешавад
Вазири фарҳанги Узбакистон бо 50 нафар вориди Тоҷикистон мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Бахтиёр Сайфуллоев, вазири фарҳанги Узбакистон бо ҳайати 50-нафарӣ барои иштирок дар Рӯзҳои фарҳанги кишварашон, ки аз 11 то 15 ноябр баргузор мешаванд, ба... 11.11.2019, Sputnik Тоҷикистон
2019-11-11T11:15+0500
2019-11-11T11:15+0500
2021-04-22T16:49+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102607/63/1026076365_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_c75175eab131fc3f770d5f9db5d49dff.jpg
тоҷикистон-узбакистон
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2019
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102607/63/1026076365_169:0:2900:2048_1920x0_80_0_0_eb701f2e855200dd5825099140a0bfb7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, фарҳанг, тоҷикистон-узбакистон, вазир, душанбе
ҳамаи хабарҳо, фарҳанг, тоҷикистон-узбакистон, вазир, душанбе
Вазири фарҳанги Узбакистон бо 50 нафар вориди Тоҷикистон мешавад
11:15 11.11.2019 (Навсозишуда: 16:49 22.04.2021) Бахтиёр Сайфуллоев, вазири фарҳанги Узбакистон бо ҳайати 50-нафарӣ барои иштирок дар Рӯзҳои фарҳанги кишварашон, ки аз 11 то 15 ноябр баргузор мешаванд, ба Тоҷикистон меоянд
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Ба ҳайати ҳунарии Рӯзҳои фарҳангӣ ҳунармандони халқии Узбакистон Ғуломҷон Ёқубов ва Маҳмуд Намозов, ҳунарпешаҳои шоиста ва маъруфи Узбакистон, ансамбли “Мақом” ва ансамбли рақсии “Тошкент зеболарӣ” шомил мебошанд, хабар додаст “Ховар”.
Манбаъ афзуд, дар назар аст, ки 12 ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо ҳамтои узбакистонияш Бахтиёр Сайфуллоев баргузор гардад.
“Инчунин шоми он рӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ифтитоҳи ботантанаи Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон сурат мегирад”, - омадааст дар иттилоия.
Ҳамчунин 13 ноябр ҳайати ҳунарӣ ва расмии Рӯзҳои фарҳангӣ ба ноҳияи Данғара сафар карда, дар Қасри фарҳанги ин ноҳия ба сокинон ва меҳмонон барномаи ҷолиби консертӣ пешниҳод мекунад.
Меҳмонон 14 ноябр аз мавзеъҳои таърихӣ ва фарҳангии шаҳри Душанбе — Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Боғи Куруши Кабир ва боғи Ирам дидан менамоянд. Шоми он рӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати анҷоми Рӯзҳои фарҳангӣ барномаи консерти муштарак бо иштироки ҳунарпешагони тоҷику узбак баргузор мегардад.