Вазири фарҳанги Узбакистон: "Мо як халқ ҳастем, ки бо ду забон сухан мекунем"

© Министерство культуры РТМинистр культуры Узбекистана и Таджикистана Шамсиддин Орумбекзаде и Бахтияр Сайфулаев
Министр культуры Узбекистана и Таджикистана Шамсиддин Орумбекзаде и Бахтияр  Сайфулаев  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири фарҳанги Узбакистон Бахтиёр Сайфуллоев, ки феълан дар раъси як ҳайат дар Тоҷикистон қарор дорад, мегӯяд "мо як халқ ҳастем, ки бо ду забон сухан мегӯем"

ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Шаби 11 бо 12 - уми ноябри соли равон як ҳайати 57 нафара бо роҳбарии Вазири фарҳанги Узбакистон, барои доир намудани Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Узбакистон дар Тоҷикистон вориди Душанбе шуданд.

Официальный прием в национальном парке Вахдат по случаю ярмарки СУГД-2018 - Sputnik Тоҷикистон
Вазири фарҳанги Узбакистон бо 50 нафар вориди Тоҷикистон мешавад

Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ҳайати Узбакистонро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода пешвоз гирифт.

Зимнан, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мулоқоти вазирони фарҳанги ду давлат, Шамсиддин Орумбекзода ва Бахтиёр Сайфуллоев баргузор гардид.

Ситораҳои эстрадаи Узбакистон ба Тоҷикистон меоянд

Вазири фарҳанги кишвари ҳамсоя зимни мулоқот бо Орумбекзода ва дар ҳузури хабарнигорон изҳор доштаст, ки Тоҷикистону Узбакистон як халқ ҳастанд, ки бо ду забон ҳарф мезананд.

"Мо ҳамдигарро бидуни тарҷума мефаҳмем. Мо урфу одат, санъату ҳунари ягона дорем. Мо хушбахт аз онем, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи сарони ду кишвар роҳҳои нав ба нави ҳамкориҳо боз шуда, муносибатҳо торафт зичтар ва судмандтар мешавад",  - афзудаст Сайфуллоев вазири фарҳанги Узбакистон.

Маврид ба зикр аст, ки ба ҳайати Рӯзҳои фарҳангӣ,Ҳунарпешаҳои халқии узбакистон Шералӣ Ҷӯраев, Ғуломҷон Ёқубов, Маҳмуд Намозов, чанд нафар ҳунарпешаҳои шоиста ва маъруфи Узбакистон, ансамбли "Мақом" ва ансамбли рақсии "Тошкент зеболарӣ" шомил мебошанд.

Хуршед Иброҳимзода: ҳунармандони Тоҷикистону Узбакистон бо ҳам дӯсту бародаранд

Манбаъ меафзояд, ки шоми имрӯз дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, ифтитоҳи ботантанаи рӯзҳои фарҳангии Узбакистон дар Тоҷикистон сурат мегирад.

Лентаи хабарҳо
0