"Убури доишиён ба Тоҷикистон": вулусвол гуфт, феълан далеле нест, таҳқиқ идома дорад

© акс аз саҳифаи фейсбукии Аҳмад Фаҳим ҚарлуқАҳмад Фаҳим Қарлуқ, вулусволи Қалъаи Золи вилояти Кундуз
Аҳмад Фаҳим Қарлуқ, вулусволи Қалъаи Золи вилояти Кундуз  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аҳмад Фаҳим Қарлуқ, вулусволи Қалъаи Золи вилояти Кундуз мегӯяд, мақомоти амниятии вулусволӣ ба таҳқиқи убури эҳтимолии гурӯҳи аъзои ДОИШ аз марзи Афғонистон ба Тоҷикистон машғуланд

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Аҳмад Фаҳим Қарлуқ гуфт, дар ҳоли ҳозир, аз он аксҳое, ки мақомоти корҳои дохилаи Тоҷикистон пахш кардаанд, ҳеҷ субути дар Афғонистон будубош кардани онҳо дида намешавад, минҷумла, сабукравҳое, ки онҳо истифода кардаанд, рақамҳои тоҷикӣ доранд ва аз ин навъи мошинҳо дар ин сӯи марз истифода намешавад.

Кадры с места нападения на погранзаставу на таджикско-узбекской границе. - Sputnik Тоҷикистон
Ду зан куштаю 3 боздошт шуданд: "ДОИШ аз занҳои истаравшанӣ маргталаб омода кардааст"

“Аз ин хотир, ҳоло гуфта наметавонем, ки гурӯҳи мавриди назар аз Афғонистон ва маҳз вулусволии Қалъаи Золи Кундуз дарёи Омуро убур кардаанд. Танҳо пас аз ироаи асноду мадорик ва шавоҳиди кофӣ мешавад ангушти ишорат ба ҷониби Афғонистон кард” – изҳор дошт  вулусволи Қалаи Зол ба Sputnik Тоҷикистон.

Мақомоти Тоҷикистон дар шарҳи ҳодисаи ҳамлаи шаби 6 ноябр ба посгоҳи “Ишқобод” – и қисми низомии отряди сарҳадии “Султонобод”, воқеъ дар ҳудудҳои Рӯдакӣ, ноҳияи ҳамшафат бо Душанбе – пойтахти кишвар эълон доштанд, ки аъзои гурӯҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” 3 ноябр аз вулусволии Қалъаи Золи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон гузаштаанд.

Абдуллоҳ Раҳнамо, мушовири Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон
Ҳушдори Раҳнамо аз ҳамлаи “ДОИШ”: 20 нафар гузаштанд, ҳазорони дигар саф кашидаанд

Иддае дар шабакаҳои иҷтимоии интернет ба ин шарҳи мақомоти Тоҷикистон ба шакку гумон нигариста, ин суолро матраҳ карданд, ки чӣ гуна ин гурӯҳ тавонистааст то посгоҳ, ки тақрибан 200 километр аз марз дур аст, худро расондаанд.

Қалъаи Зол дар ғарби вилояти Кундузи Афғонистон ҷойгир буда, аз шимол тариқи рудхонаҳои Панҷу Вахш, ки ба Ому табдил мешаванд, бо ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Тоҷикистон 42, 3 километр марзи муштарак дорад.  Ҳудуди 90% аҳолии он туркман ва 10% паштунанд.

Ин вулусволӣ тақрибан биёбонӣ аст, аммо ба қавли Аҳмад Фаҳим Қарлуқ, ҷангалҳои анбӯҳ ва минтақаҳои саҳлулубур дар имтидоди дарёи Ому доман густардаанд, ки назорати комили онҳо ғайриимкон аст. Вазъи амниятии Қалъаи Зол низ муътадил нест.

Эксперт по Афганистану Андрей Серенко, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Суолу фарзияҳои Серенко дар бораи ҳамла ба дидбонгоҳ: ба “ДОИШ” монанд нест

Рӯзи 6 майи соли 2017 Толибон бар ин вулусволӣ тасаллут пайдо карданд, аммо ба зудӣ аз сӯи нерӯҳои ҳукуматии Афғонистон ба ҳошияҳо ронда шуданд. Қалъаи Зол ҳамчунин бо вулусволии Чаҳордараи Кундуз ҳаммарз аст, ки бино ба додаҳои ахири мақомоти Афғонистон, маҳалли таҷаммӯъи на фақат Толибон, балки гурӯҳҳои террористие, назири Ҷундуллоҳ ва Ҳаракати исломии Узбакистон шудааст.

Аммо Аҳмад Фаҳим Қарлуқ мегӯяд, то ба имрӯз ҳатто боре ҳам “байрақи ДОИШ дар ин вулусволӣ баланд нашудааст”. Бо ин вуҷуд, вулусволи Қалъаи Зол баъид намедонад, ки гурӯҳҳои хоси даҳшатафкан бо истифода аз манотиқи саҳлулубури марзӣ ва дар ҳамдастӣ бо сокинони маҳаллӣ ба марзи Тоҷикистон гузашта бошанд.

Погибший пограничник Изатуллои Абубакр с отцом - Sputnik Тоҷикистон
Ҳалокати марзбон - писари мулло Абубакр ва нозири минтақавӣ дар ҳамлаи "ДОИШ"-аксҳо

Аҳмад Фаҳим Қарлуқ ба Sputnik итминон дод, ки то рӯзи шанбе натиҷаҳои таҳқиқи мақомоти амниятии вулусволии Қалъаи Золро ташреҳ хоҳад кард ва афзуд, “мо ба душманони сулҳу суботи минтақа иҷоза намедиҳем, ки қаламрави моро барои ноамн кардани кишварҳои дӯсти ҳамсоя истифода кунанд”.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳамла ба дидбонгоҳи “Ишқобод” шаби 6 ноябр сурат гирифт, ки дар натиҷа як марзбону як маъмури милиса ба ҳалокат расида, 15 ҷангҷӯ кушта шудаанд. Аммо манобеи дигар аз ҳалокати на кам аз 5 маъмури мақомоти Тоҷикистон дар ин қазия хабар медиҳанд, ки расман ин иттилоъ то ҳол тасдиқ нашудааст.

Лентаи хабарҳо
0