Суолу фарзияҳои Серенко дар бораи ҳамла ба дидбонгоҳ: ба “ДОИШ” монанд нест

© Фото : Facebook / Андрей СеренкоЭксперт по Афганистану Андрей Серенко, архивное фото
Эксперт по Афганистану Андрей Серенко, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Андрей Серенко, коршиноси Маркази омӯзиши Афғонистони муосир, ҳамлаи шаби 6 ноябр ба дидбонгоҳи “Ишқобод” дар марзи Тоҷикистон бо Узбакистонро суолбарангез ва содалавҳона хонд, ки хоси “ДОИШ” нест

ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Серенко гуфт, агар ҳамла кори "ДОИШ" бошад, он метавонад ба байъати ҷангиёни созмони террористӣ ба халифаи нав рабт дошта бошад.

Погибший пограничник Изатуллои Абубакр с отцом - Sputnik Тоҷикистон
Ҳалокати марзбон - писари мулло Абубакр ва нозири минтақавӣ дар ҳамлаи "ДОИШ"-аксҳо

“Феълан ин танҳо як фарзия аст. Аз эҳтимол дур нест, ки чунин аъмол “бахшида” ба таъини халифаи нав бо ҳадафи нишон додани имкони ҷадиди “ДОИШ” дар минтақа роҳандозӣ шуда бошанд. Ин фарзия аст ва бояд далелҳое дастрас шаванд, ки натанҳо аз бозпурсии боздоштшудагон бошад. Онҳо дар боздоштгоҳи мақомоти амниятӣ ҳар чизеро хоҳанд гуфт, ки талаб карда мешавад”, - изҳор дошт Серенко дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ӯ афзуд, ки пушти ин ҳамла метавонанд, хадамоти махсуси бархе аз кишварҳои минтақа истанд.

Кадры с места нападения на погранзаставу на таджикско-узбекской границе. - Sputnik Тоҷикистон
КДАМ: ҳамлагарон “ДОИШ”-иянд, аз Афғонистон ворид шудаанд

“Ман ду шарҳ дорам. Яке – ин воқеан қасди “ДОИШ” барои нишон додани имкониятҳояш дар робита ба иваз шудани халифа мебошад. Дуюм ин иғвою фитна барои нишон додану бори дигар таъкид кардан ба хатари ДОИШ дар Осиёи Марказӣ аст”, - изҳор дошт Серенко.

Ӯ гуфт, аз эҳтимол дур нест, ки ин амали террористӣ бо ҳадафи таъкиди зарурати мубориза бо ДОИШ роҳандозӣ шудааст ва мантиқи аъмоли “ДОИШ”-ро таҳлил карда, гуфт, онҳо одатан амалҳои камхарҷу пурҳангомаро интихоб мекунанд.

“Ин як амалиёти содалавҳона буд, ба шеваи кори “ДОИШ” монанд нест. Онҳо харҷи каму натиҷаи бештарро хуш доранд. 15 ҷангии мусаллаҳ, бо таҷрибаи ҷангӣ дар Афғонистон, осон метавонистанд, шуъбаи пулис ё ҳатто маҳалли истиқоматиро гиранд. Аз нигоҳи имиҷ, “ДОИШ” тамоман дигар корҳоро анҷом медод”, - таъкид намуд Серенко.

Коршинос изҳор дошт, ки агар ба воситаи Тоҷикистон, ки марзаш бо Афғонистон мустаҳкам ҳифз намешавад, террористон қасди вуруд ба Узбакистонро доштаанд, эҳтимол онҳо бо Ҳаракати исломии Узбакистон робита доранд. 

"Ҳеҷ гоҳ ҷангиён аз қаламрави Афғонистон ба минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамла накардаанд. Агар тасдиқ шавад, ки ҳамлагарон ҷангиёни “ДОИШ” мебошанду бо ҳадафи тахрибкорӣ вориди қаламрави Тоҷикистон шудаанд, ин сенсатсия хоҳад буд", - таъкид намуд Серенко, коршиноси масоили Афғонистони муосир.

Лентаи хабарҳо
0