ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Ӯ ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро ҳушдор додааст, ки дар хатар қарор дорад ва таъкид намудааст, ки чунин гуруҳакҳо аз марказҳои бонуфӯзи ҷаҳонӣ идора мешаванд.
Абдуллоҳи Раҳнамо, дар гузашта сардори Раёсати сиёсати хориҷии Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, дар сафҳаи Фейсбуки худ ҳамлаи шаби 6 ноябрро ҳодисаи сода намеҳисобад.
Вай менависад, “агар ҳоло ба 20 нафари онон убури марз даст дода бошад, он сӯи марз ҳазорони дигар машқ дидаву саф кашидаанд ва бадтар аз ин, ин нерӯи сиёҳ дар муқобили давлату давлатдории мо аз марказҳои бонуфӯзи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ идора ва самт дода мешавад”.
Раҳнамо мегӯяд, чунин гурӯҳакҳо дар алоҳидагӣ дар баробари нерӯи давлати Тоҷикистон ҳеҷанд, аммо тавону таҷрибаи пуштибонони онон басе бузургтар аз инанд ва худи терроризм як сиёсати калони қудратҳои ҷаҳонӣ ва як барномаи васеи фароминтақавист.
Мушовири Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон ин ҳамларо паёми ошкор ва ҷиддӣ барои ҳар шаҳрванди Тоҷикистон меҳисобад ва мегӯяд, “ту, оилаат, падару модарат, хонаат, деҳаат, шаҳрат, ватанат, миллатат, давлатат, озодият, истиқлолиятат, забонат, фарҳангат, тамаддунат дар хатар аст!”.
Абдуллоҳи Раҳнамо мегӯяд, ҳамла паёми “бадхоҳони ватану миллати мо” аст, ки “ҳанӯз бо ҳастии миллӣ, истиқлоли давлатӣ ва зиндагии озоди мо оштӣ накардаанд, ҳануз дар пайи нақшаҳои нопоки худанд ва бо ин ҳадаф якеро дар Шарқ пеш андохтаанду дигареро дар Ғарб”.
Дар интиҳои паёми худ масъули Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон аз мардуми кишвар даъват кардааст, ки “дар чунин соати ҳассос ҳамаи мо, новобаста аз синну сол, касбу кор ва мавқеи сиёсию иҷтимоӣ бояд дар атрофи ватан, давлат, ормонҳои миллӣ ва муҳофизони ҷонбаркафи он муттаҳид бошем”.
Ин аввалин вокуниши як масъули сиёсии давлати Тоҷикистон аст, ки ҳанӯз таҳқиқи ҳамлаи ба дидбонгоҳи марзии “Ишқобод” дар марзи ин кишвар бо Узбакистон анҷом ва натиҷаҳояш эълон нашуда, садо медиҳад. То ин лаҳза Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон эълон кардааст, ҳамлаи мазкурро гуруҳи террористии ДОИШ анҷом додааст, ки 3 ноябр марзи Тоҷикистону Афғонистонро убур карда, ба ҳадафи ба даст овардани силоҳ ба дидбонгоҳи марзӣ ҳамлаи ноком анҷом додааст.
Ҳамзамон сафари Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар Аврупо идома дорад.