Муҳлати пешниҳоди дархостҳо тамдид шуд: БМТ интизори пешниҳодҳои ширкатҳои аудиторӣ аст

© SputnikНациональный банк Таджикистана, архивное фото
Национальный банк Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон барои гузаронидани аудити ҳисоботи молиявии бонк аз ширкатҳои бузургтарини ҷаҳонӣ, ки бо номи “Чоргонаи бузург” эътироф шудаанд даъват кардааст

ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон эълон намудааст, ки муҳлати пешниҳоди дархостҳо ва ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун барои интихоби ширкати аудиторӣ ва гузаронидани аудити ҳисоботи молиявии бонк, то  15 ноябри соли равон тамдид карда шуд.

Дар ин бора дафтари матбуоти Бонки миллӣ хабар додааст. 

Национальный банк Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллӣ мехоҳад фаъолияташро яке аз чор ширкати бузургтарини ҷаҳон санҷиш кунад

Пештар Бонки миллӣ муҳлати пешниҳоди дархостҳо ва ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун то 1 ноябри соли равон муқаррар карда буд.

Ёдрас мешавем, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои интихоби ширкати аудиторӣ ва гузаронидани аудити ҳисоботи молиявии бонк барои соли молиявие, ки 31 декабри соли 2019 анҷом меёбад, озмун эълон карда буд.

Бонки миллӣ қайд намудааст, ки озмун дар доираи чор ширкати бузургтарини ҷаҳонӣ, ки бо номи “Чоргонаи бузург” эътироф шудаанд, маҳдуд мегардад.

Ҳамзамон Бонки миллӣ қайд намудааст, ки ширкатҳои аудиторие, ки барои иштирок дар озмун таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, дархостҳои метавонанд ба нишонии хиёбони Рӯдакӣ 107А равон намоянд.

Лозим ба ёдоварист, ки аудити мустақили Бонки миллии Тоҷикистон, дар соли 2015 нишон дода буд, ки ин ниҳоди молиявӣ дар соли 2015 бештар аз 945 миллион сомонӣ ва андаке бештар аз 100 миллион доллар зиёни молӣ дидааст.

Дар аудити Бонки миллӣ, ки ширкати “Энрст энд Янг” соли 2014 анҷом дода буд,  гуфта шуда буд, ки бонк бештар аз 1 миллиард сомонӣ муодили 120 миллион доллар зарари молӣ бардошта буд.

Лентаи хабарҳо
0