ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон барои интихоби ширкати аудиторӣ ва гузаронидани аудити ҳисоботи молиявии бонк барои соли молиявие, ки 31 декабри соли 2019 анҷом меёбад, озмун эълон намудааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти Бонки миллӣ хабар додааст.
Тавре манбаъ қайд намудааст, озмун дар доираи чор ширкати бузургтарини ҷаҳонӣ, ки бо номи “Чоргонаи бузург” эътироф шудаанд, маҳдуд мегардад.
Бонки миллӣ муҳлати пешниҳоди дархостҳо ва ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун то 1 ноябри соли 2019 муқаррар намудааст.
Бонки миллӣ аз ширкатҳои аудиторие, ки барои иштирок дар озмун таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, хоҳиш намудааст, ки дархостҳои худро ба нишонии Бонкравон намоянд.
Ёдрас мешавем, ки аудити мустақили Бонки миллии Тоҷикистон, дар соли 2015 нишон дода буд, ки ин ниҳоди молиявӣ дар соли 2015 бештар аз 945 миллион сомонӣ ва андаке бештар аз 100 миллион доллар зиёни молӣ дидааст.
Дар аудити Бонки миллӣ, ки ширкати “Энрст энд Янг” соли 2014 анҷом дода буд, гуфта шуда буд, ки бонк бештар аз 1 миллиард сомонӣ муодили 120 миллион доллар зарари молӣ бардошта буд.