Алакай дар мактаб хонандаҳо бо ҷумлаи London is the capital of Great Britain (Лондон пойтахти Британияи Кабир аст) шинос мешавем, ва алакай орзӯҳои ба он ҷо сафар кардан наврасонро фаро мегирад, ва ин орзу барои баъзеҳо то охири умр боқӣ мемонад. Аммо то куҷо ин орзӯ имкони ҷомаи амал пӯшидан дорад дар материали мо хонед.
Гирифтани раводид ва дигар санадҳои лозима
Мутаасифона на ба ҳама маълум аст, ки бо раводиди саёҳи дар Лондон кор кардан ва пул ба даст овардан мумкин нест. Агар аз ҷониби хориҷиён қонуну қоида дуруст рио нашавад, масъулини ҳукумати Лондон монҳоро ба таври умрбод аз кишвар ихроҷ мекунанд.
Аммо дар Лондон, агар кас раводиди корӣ дошта бошад метавонад соҳиби ҷои кор шавад. Дар он ҷо чӣ мутахасиси соҳаи гуногун ва чӣ ашхоси бе тахасус метавонанд ба фаъолият шуруъ кунанд. Барои кор дар Лондон раводидҳои Tier 5 (кутоҳмуддат) ва Tier 2 (дарозмуддат) лозим аст.
Барои тайёр кардани раводиди Tier 5 чиҳо лозиманд:
- Ариза барои омода намудани раводиди корӣ;
- Рақами сертификати кордиҳандае, ки шуморо ба Лондон даъват мекунад;
- 1200 доллар дар суратҳисоб дар давоми 90 рӯз пеш аз навиштани ариза барои дарёфти раводид;
- 312 доллар барои дигар расходҳои оид ба қайди раводид.
Аз рӯи қоида бо раводиди Tier 5 ба кори дарозмуддат қабул шудан ва ё аъзоҳои оиларо ҳамроҳ гирифтан ғайри имкон аст.
Раводиди Tier 5 ба ду гуруҳ ҷудо мешавад: умумӣ ва соҳавӣ.
Барои ба даст овардани раводиди Tier 5 чунин санадҳо лозиманд:
- Ариза барои омода намудани раводиди корӣ;
- Шиносномаи дохилӣ ва ё хориҷӣ;
- Санад дар бораи доғи судӣ надоштан;
- Сатҳи донистани забони англисӣ (бояд аз IELTS, B1 поён набошад);
- Натиҷаи ташхис ба касалии сил;
- Ҷамъи дигар ҳуҷҷатҳо барои раводид.
Нархи раводид вобаста аз мақсад ва муҳлати буду бош вобаста аст.
Агар ширкате, ки шумо кор мекунед ва он дар Лондон намояндагии худро дорад шумо метавонед аз тарафи ҷои кор интиқол гиред ба муҳлати 3 моҳ, ки ин меҳнати зиёдро талаб намекунад. Ду шакли интиқол ба намояндагии корхонаато дар Лондон вуҷуд дорад, дарозмуддат ва кутоҳмуддат, ки дар шакли таҷрибаомӯзӣ мебошад ва то 3 моҳ идома меёбад.
Барои кормандоне, ки аз 1 сол зиёд мемонанд, бояд маошашон дар 12 моҳ аз 94769 доллар зиёд набошад.
Раводид ба Лондон ба мақсади таҷрибаомӯзӣ сафар мекардагӣ барои кормандоне дода мешавад, ки аз се моҳ зиёд таҷрибаи корӣ дошта бошанд.
Ҳангоми навиштани ариза лозим аст:
- Ариза барои қайди раводид;
- Рақами сертификати корфармо;
- Маълумотнома аз бонк, барои тасдиқи суратҳисоби шахсӣ;
- Маблағ барои ҷамъи санадҳои раводид (аз 618 доллар то 1805 доллар вобаста аз муҳлати буду бош);
- Суғуртаи тиббӣ (метавон ба сомонаи мазкур назар кард www.gov.uk);
- Шиноснома;
- Натиҷаи ташхиси духтур ба бемории сил;
Раводиди Tier 2 ба муҳоҷирон имкониятҳои иловагӣ медиҳанд. Масалан, корманд метавонад дар дигар корхона низ то 20 соат фаъолият кунад. Ҳамчунин имкони овардани оила ба Лондон вуҷуд дорад.
Ёдовар мешавем, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳо ба ҷуз шиноснома бояд ба англисӣ тарҷума шуда бошанд. Бо гузашти 5 соли буду бош дар Лондош шахс ҳуқуқ пайдо мекунад барои гирифтани қайди иқомат ҳуҷҷат пешниҳод кунад. Ва баъди як соли гирифтани қайди иқомат барои соҳиби шаҳрвандии Англия шудан метавон ҳуҷҷат пешниҳод кард.
Дар Лондон чӣ гуна метавон соҳиби кор шуд
Дар Лондон барои ба кор қабул шудан нақши асосиро тавсияҳои корфармон ва намояндагони корхонаҳое, ки шахс пешаки дар он кор карда аст мебозанд. Чун қоида ин кор ба фаъолияти касбии ҳар як шахс вобаста аст.
Агар дар Лондон шинос надошта бошед метавонед тариқи сомонаҳои гуногун (масалан uk4ru.com) ба худ кори мувофиқ кобед, ва ё ба воситаи агентҳое, ки бо муҳоҷирон сару кор доранд.
Аммо набояд фаромӯш кард, ки агентҳо ҳақашонро мегиранд. Агентҳо худ корҳои гуногун пешниҳод мекунанд, чӣ барои соҳибтахасусон ва чӣ барои ашхосӣ ғайри тахасус.
Лондон - сераҳолитарин шаҳри Аврупо
Лондон пойтахти Британияи Кабир, маркази асосии иқтисодию сиёсӣ ва мадании мамлакат - Англия ва Подшоҳии Муттаҳида ва аз ҳама сераҳолитарин шаҳр дар Аврупо мебошад.
Районҳои асосии Лондон; Сити — дар он банкхою биржахо, идораҳои монополияҳои калон, бинои парламент, муассисаҳои хукуматӣ ва қароргохи подшоҳ (қасри Букингем) ҷой гирифтаанд.Трафалгар Уэст-Энд — райони истикоматӣ ва тиҷорати, Ист-Энд — райони докхо ва махалли коргарнишин мебошанд.
Лондон таърихи духазорсола дошта, асрҳои XI — XII — пойтахти расмии Англия шудааст. Асрҳои XVII—XVIII Лондон ба яке аз бандарҳои калонтарини бахрии дунё, маркази калони тичоратӣ ва молиявӣ табдил ёфт. Сокинони шаҳри Лондон дар революцияи буржуазии Англия роли бузург бозиданд.
Лондон маркази калонтарини харакатҳои коргарӣ, яке аэ манбаъҳои асосин ҳаракатн чартистӣ буд. Соли 1847 дар Лондон Конгрессҳои 1-ум ва 2-юми Иттифоқи коммунистон баргузор шуд. Асрҳои 19—20 дар Лондон К. Маркс, Ф. Энгельс, В. И. Ленин кор ва зиндагӣ кардаанд. Соли 1902 дар Лондон газетаи “Искра” чоп мешуд.
Дар Лондон ва атрофи он корхонахоп гуногунн саноатӣ ҷой гирифтаанд: мошинсозӣ, коркарди металл (саноати авиатсия ва автомобилсозӣ, электротехникӣ ва электронӣ, атомй, асбобсозӣ, таъмири киштихо, нстеҳсоли радио аппаратҳои телефон ва г ), когазбарорй, коркарди нефть ва полиграфӣ, хӯрокворӣ, тамоку, дӯзандагӣ, химия, чӯбгарӣ, мебель ва г. Саноати Лондон дар истеҳсоли махсулоти саноатии мамлакат роли калон мебозад.
Лондон якчоя бо районҳои атрофи шаҳр Лондони Калонро ташкил медихад, ки аз 32 округ ва Сити иборат аст. Масохат - 1.8 хаз км. Ахоли - 8,3 млн наф. (2012).
Аэропортхо: Лондон (Хитроу) ва Гатунк. Сохтмони метрои Лондон с. 1860 огоз ёфта дар дуньё қадимтарин аст.
Дар Лондон Донишгоҳи Лондон,Донишгоҳи Сити, Ин-ти политехникии Сити, Академияи санъати драмавии подшоҳй, Академиян мусиқии подшоҳи, Мактаби балети подшоҳӣ.
Лондон зиёда аз 30 музей, аа ҷумла Музеи Британия, Музеи илмй, Музеи геология, Нигористони миллй, Музеи бахрии миллй, Театри миллӣ, театрҳои опера ва балети “Ковент-Гарден” ва “Сэдлерс-Уэллс” ва г. дорад.Китобхона музеи Британия, Китобхонаи илмии техникии миллй воқеанд.