Дар Лондон тарабхонае ифтитоҳ шуд, ки хӯрокро дар шакли 3D нашр мекунад

Обуна шудан
Аввалин тарабхона дар ҷаҳон, ки ҳамаи чизро дар шакли 3D-чоп мекунад-шурӯъ аз мебел то хӯрок, дар Лондон кушода шуд. Дар бораи тарзи омода намудани хӯрок дар ин тарабхона дар навори мо бубинед.

Директори генералии ширкати ҳолландӣ Найна Хофф, ки бо лоиҳакашии 3D-чопкунак машғул аст, гуфт, ки дар ин тарабхона ҳамаи чиз дар шакли 3D омода шудааст: мебел, миз, лавозимоти хӯрокхӯрӣ ва ҳатто худи хӯрок.

"Нашриёти хӯрок" тариқи 3D чопкунак, ба гуфти роҳбарияти тарабхона наонқадар вақти зиёдро талаб мекунад. Масалан барои омода намудани ширинӣ аз шоколад, танҳо 10 дақиқа сарф мешавад.

Дар давоми се рӯз тарабхона дар Лондон ифтитоҳ шуда,  ба дигар мамлакатҳои ҷаҳон ба сафар мебарояд.

 

 

Лентаи хабарҳо
0