Лондон ба Киев аслиҳа намедиҳад

© Sputnik / Сергей Пятаков / Гузариш ба медиабонкВазири хориҷаи Бритониё Уилям Хейг. Акс аз бойгонӣ
Вазири хориҷаи Бритониё  Уилям Хейг. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хоҳиши мақомоти Киев дар бобати дастрас кардани аслиҳаи ғарбӣ зоҳиран танҳо дар ИМА пуштибонӣ ёфт ва бештаре аз раҳбарони аврупоӣ ин дархостро дастгирӣ накарданд.

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Британия дар дурнамо қасд надорад, ки ба Украина аслиҳаи марговар бидиҳад, гуфт вазири собиқи хориҷии шоҳигарӣ Уилям Хейг дар сӯҳбат бо CNN, хабар медиҳад РИА Новости.

Хейг зикр кард, ки Британия феълан "ҳеч пешниҳодеро барои тағйири сиёсати худ баррасӣ намекунад".

"Сиёсати мо — ироъаи кӯмакҳои ғайримарговар ба Украина аст. Ва тибқи изҳороти вазири хориҷӣ ва вазири дифоъ (Британия — шарҳи идора) ин сиёсат тағйир наёфтааст", — иқтибос овардааст хабаргузорӣ аз гуфтаҳои вай.

Қаблан раиси ҷумҳури Украина, ёдовар мешавад РИА Новости, дар мусоҳиба бо нашрияи Die Welt мукарраран аз кишварҳои узви НАТО хост, ки воридоти аслиҳа ба Украинаро оғоз кунанд. Ба ин далел рӯзи сешанбе маҷаллаи Wall Street Journal хабар дод, ки раҳбарияти ИМА ба далели азсаргирии амалиёти низомӣ дар шарқи Украина ба баррасии мавзӯи содироти аслиҳа ба Киев баргаштааст.

Меркел: ихтилоф дар Украина ҳалли низомӣ надорад

Аммо садри аъзами Олмон Ангела Меркел рӯзи душанбе дар нишасти матбуотӣ дар Будапешт ба ин мавзӯъ дахл карда изҳор дошт, ки Олмон бо аслиҳа аз Украина пуштибонӣ намекунад.

"Ман мутмаинам, ки ин даргирӣ ҳалли низомӣ надорад ва ба ин далел мо аз роҳандозии таҳримот пуштибонӣ кардем", — гуфт Меркел.

Лентаи хабарҳо
0