Дар Тоҷикистон то охири соли 2019 қабули корти “Мир” роҳандозӣ мешавад

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкПрезентация платежной карты "Мир"
Презентация платежной карты Мир - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Системи кортҳои пардохтӣ тарҳи пайвастани корти “Мир” бо сомонаҳои пардохтии Тоҷикистонро омода мекунад

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik.  Қабули кортҳои пардохтии “Мир”-ро дар Тоҷикистон то охири соли 2019 роҳандозӣ хоҳанд кард, иттилоъ додааст рӯзномаи “Известия” дар истинод ба роҳбари Низоми миллии кортҳои пардохтӣ Владимир Комлев.

Карта платежной системы Мир - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон корти “Мир” роҳандозӣ мешавад

Ба гуфтаи манбаъ дар ҳоли ҳозир Низоми миллии кортҳои пардохтӣ тарҳи пайвастани корти “Мир” бо сомонаҳои пардохтии кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё омода мекунад.

Манбаъ таъкид намудааст, ки то охири соли равон қабали корти “Мир” дар Тоҷикистон, Белорус, Арманистон, Қирғихзистон, Узбакистон ва Қазоқистон роҳандозӣ хоҳад шуд.

“Тақрибан ҳамаи кишварҳо ғайр аз Қазоқистон дорои кортҳои пардохтии худ мебошанд. Белорусия дорои корти "Белкарт", Арманистон кортӣ ArCA, Тоҷикистон корти "Корти Миллӣ", Узбакистон корти UZCARD ва Қирғизистон корти "Элкарт" мебошанд. Мо платформаи алоҳидаеро ба номи “Mir International” роҳандозӣ кардем. Ин корт имкон бидуни мушкилот ба низомҳои шарикон пайваст шавад”, -гуфт роҳбари Низоми миллии кортҳои пардохтӣ.

Инчунин, низоми мазкур фаъолияти худро дар кишварҳое, ки сайёҳони Русия ҳузури бештар доранд тақвият хоҳад дод.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон Вера Исмоиловаро мудири телевизиони "Мир" дар Тоҷикистон таъин кард

Тавре Бонки милли рушди бозори кортҳои пардохтӣ дар Тоҷикистон яке аз омилҳои муҳимтарин дар ҳалли масъалаи рушди низоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ҷиҳати коҳиш додани ҳаҷми пули нақд дар муомилот мебошад. Барои ҳалли масъалаи зикргардида, Бонки миллӣ дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои қарзӣ барои вусъат додани истифодабарии кортҳои пардохтии бонкӣ дар савдои чакана ва қабули онҳо ҳангомипардохтимолу хизматрасониҳотадбирҳоизарурӣ андешида истодааст.

“Айни замон, аз ҷониби ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон кортҳои пардохтии Низоми пардохтии миллӣ “КОРТИ МИЛЛӢ”, низомҳои пардохтии байналмилалии Visa ва Masterсard, кортҳои муштараки (кобрендинг) низомҳои пардохтии UnionPay ва НПМ ”КОРТИ МИЛЛӢ ва кортҳои пардохтии низомҳои дохилии ташкилотҳои қарзӣ ба муомилот бароварда шуда истодаанд”, -иттилоъ додааст Бонки миллӣ.

Лентаи хабарҳо
0