Пушилин: Зеленский бадтарин рафтори Порошенкоро такрор дорад

© Sputnik / Артем Житенев / Гузариш ба медиабонкПредседатель Верховного совета самопровозглашенной Донецкой народной республики Денис Пушилин. Архивное фото
Председатель Верховного совета самопровозглашенной Донецкой народной республики Денис Пушилин. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Денис Пушилин, раҳбари ҷумҳурии худхондаи халқи Донетск ба ҳукумати феълии Украина боварии зиёде надорад

Денис Пушилин, раҳбари ҷумҳурии худхондаи халқи Донетск дар суҳбати хос бо хабарнигори РИА Новости Юрий Воткевич мушкилоти Украина бо  ҷумҳуриҳои Донетску Луганскро шарҳ дод.

Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон
Путин ба сокинони ду вилояти Украина гирифтани шаҳрвандии Русияро осон кард

- Дар масъалаи имзои “Формулаи Штайнмайер”  чигуна ба Киев таъсир кардед?

- Дар аввал ҷумҳуриҳои худхонда нисбат ба Киев дар имзои санади мазкур саҳми бештар  доранд. Инчунин, дар имзои он саҳми кишварҳои кафил Русия, Фаронса, Олмон ба назар мерасад, ки мақомоти Украинаро маҷбур сохт ин санадро имзо кунад.

Аммо Киев пас аз имзои созишнома ҳеҷ иқдомеро амалӣ накард. Ҷумҳуриҳои худхонда пас аз ивази ҳукумат дар Украина умед доштанд, ки вазъ дигар мешавад ва Киев уҳдадориҳои гирифтаи худро амалӣ мекунад. Аммо то имрӯз танҳо ҷумҳуриҳои Донетску Луганск уҳдадориҳои гирифтаи худро иҷро медиҳанду хасло. Ҷониби Украина то имрӯз ҳеҷ иқдомеро амалӣ накардааст. Мо агар хоҳем наметавонем қавонини Украинаро иваз намоем. Ин корро бояд Украина худаш анҷом диҳад. Ҳама дар дастӣ онҳост.

- Шумо чӣ тавр метавонед тавзеҳ диҳед, ки Киев “Формулаи Штайнмайер”-ро ба имзо расондааст, аммо онро амалӣ намекунад?

Мы сделали это вместе!: Зеленский одержал победу на выборах - Sputnik Тоҷикистон
"Мо якҷо пирӯз шудем!": Зеленский президенти Украина шуд-видео

- Зеленский бадтарин рафторҳои Порошенкоро такрор дорад. Зеленский низ қудратро бо шиорҳои сулҳона ба даст гирифт ва худро раисҷумҳури сулҳомез номида буд. Вай эълон кард, ки аввалин иқдомаш дар курсии раисҷумҳур, ин мустақар намудани сулҳ дар Украина хоҳад буд.

Аммо, тақрибан ним сол гузашт аз интихобот, то ҳол Зеленский ҳеҷ иқдомеро дар ин ҷодда ба кор нагирифтааст. Ӯ ҳатто ҳеҷ қароре дар бораи сулҳ ба имзо нарасонидааст. Дар замони ӯ ҳеҷ банди созишномаи Минск иҷро нашуд. Ба ҳамин хотир, мо дар симои Зеленский бадтарин шакли Порошенкоро мебинем.

- Эҳтимол дорад, ки Киев уҳдадориҳои худро тибқи “Формулаи Штайнмайер”  иҷро кунад?

- Ман наметавонам ба ҷониби Украина боварии комил дошта бошам, чун гуфтори ҳукумати Зеленский аз рафторашон фарқ дорад.

- Чӣ тавр “Формулаи Штайнмайер” метавонад ба вазъи Донбасс таъсир расонад?

Бояд қайд кард, ки “Формулаи Штайнмайер” ин як қисми иқдоми сиёсиест, ки бояд дар минтақа амалӣ шавад. Аммо аз тарафи Украина мо танҳо беаҳмиятӣ мушоҳида мекунем. Мо ҳеҷ заминае, барои беҳбуди вазъи дар заминаи қонунгузорӣ дар ояндаи наздик намебинем. Аммо мутаасифона баракс мо аз ҷониби Украина шиорпартоиву гуфторҳои дигар мешунавем.

Телевизор - Sputnik Тоҷикистон
Манъи намоиши беш аз 400 филму сериёлҳои русӣ дар Украина

- Дар ин сурат Киев чӣ ҳадаф дорад?

- Онҳо фақат вақт мекашанд ва талош мекунанд, ки бо гуруҳҳои тундрав бозӣ намоянд. Аммо онҳо фаромӯш мекунанд, ки такия бар гуруҳҳои тундрав, ки ҳаводоронашон дар Украина начандон зиёд аст, бар зарари ҳукумат аст. Раисҷумҳури феълиро на гурӯҳҳои тундрав балки мардум интихоб карданд, ки хостори сулҳ ҳастанд. Аммо Зеленский ба садои мардуми худ, ки ба ӯ беш аз 70 дарсад райъ доданд гуш намедиҳад.

- Ба Киев чӣ метавонад таъсир расонад, ки “Формулаи Штайнмайер”-ро амалӣ намояд?

Мо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои кафил Русия, Фаронса ва Олмон чандин бор муроҷиат карда будем, ки Украинаро маҷбур созанд то уҳдадориҳои худро иҷро намояд. Аммо танҳо Русия уҳдадориҳои гирифтаи худро иҷро дораду халос. Соли шашум аст, ки Украина дар ин росто ҳеҷ иқдомеро пеш нагирифтааст. Ба ҳимин хотир ман дақиқ намедонам, ки кай Украина созишномаи Минскро иҷро ва амалӣ хоҳад кард. Бояд гуфт, ки иқдомҳои баъдии Украинаро наметавон пешбинӣ кард.

- Оё Донетск омода аст талаботи созишномаи Минскро иҷро ва аз он пуштибонӣ кунад?

Мо ҳамеша омода ҳастем. Бояд қайд кунам, ки ҷониби мо созишномаро пай дар пай иҷро мекунем. Мо боварӣ дорем, иҷрои созишномаи Минск ягона роҳест, ки метавонад моро ба сулҳ бирасонад. Аммо ҷониби Украина дар ин бора назари дигаре дорад.

- Киев чанде пеш изҳор дошт, ки созишномаи Минскро танҳо пас аз барҳамдиҳии ҷумҳуруиҳои худхонда иҷро хоҳад кард. Назари Шумо дар ин бора чист?

Владимир Зеленский, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Маро нашикаст: Зеленский дар бораи курсии президентӣ

- Ин гуфторҳо заминае надорад. Чунки ташкилшавии ин ҷумҳуриҳо тасмими худи мардуми Донетску Луганск буд. Мардум худашон роҳи зиндагиашонро интихоб карданд. Бояд аввал ҳукумати Украинаро бекор кард, чун дар соли 2014 ба таври ғайриқонунӣ ҳукуматро ба даст гирифтанд.  Хуб мешуд, ки ҳамаи минтиқаҳои Украинаро аз нав ташкил диҳему муттаҳид кунем. Танҳо дар ҳамин сурат метавон ба Украина сулҳ биёрем.

- Изҳороти Киев ба Шумо чӣ таъсире гузошт?

Мо мутмаин ҳастем, ки бояд дар ақидаҳои худ ӯстувор бошем. Украина ба далелҳои мо ҷавоби дурусте намедиҳад. Мо ҳамеша омода ҳастем, созишномаи Минскро иҷро ва амалӣ намоем. Аммо мо намехоҳем ин иқдом яктарафа бошад, мо мунтазири Украина ҳастем.

- Чӣ қадар бояд интизор шавем?

- Вақт нишон хоҳад дод. Аммо агар ба тамоюли имрӯза нигоҳ андозем, вазъ дар Украина чандон хуб нест.

Лентаи хабарҳо
0