ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Ҳукумати Украина намоиши зиёда аз 430 филми истеҳсоли Русияро аз моҳи июни соли 2015 манъ кардааст, изҳор дошт сардори Раёсати Агентии филмбарорӣ Филипп Иленко дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Урядовий курьер".
Шурӯъ аз моҳи июни соли гузашта дар Украина қонуне қабул шуд, ки мувофиқи он намоиши филмҳои "ташвиқотӣ"-и қувваҳои низомии Русия манъ карда мешавад.
Вазири фарҳанги Украина Вячеслав Кириленко мегӯяд, ки қонун ба ҳама гуна филмҳои "милитаристӣ", ки шурӯъ аз соли 1991 рӯи навор омадаанд ва инчунин ҳамаи филмҳои истеҳсоли Русия баъди соли 2014 дахл дорад. Агентии давлатӣ оид ба истеҳсоли филм, тибқи қонуни мазкур ба чунин филмномаҳо муҷҷавиз намедиҳад.
"Дар сатҳи қонунгузорӣ баъзе нофаҳмиҳо вуҷуд доранд ва пурракунии онҳо метавонад ин баҳсҳоро аз байн барад. Дар қонун (қонун дар бораи мнъи намоиши филҳои русӣ) ҳастанд нуқтаҳое, ки иҷрои онро мушкил месозанд. Вале кор идома дорад ва феълан зиёда аз 430 филмнома ҳуқуқи намоиш надоранд ",- мегӯяд Ильенко.