ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Владимир Зеленский президенти Украина, дар бораи дастоварди муҳимтарини худ дар курсии кишвардорӣ нақл кард.
"Дигаргуниҳо ҳаст, вале ман дақиқан инсон боқӣ мондам. Маро он чизҳое, ки бо одами чунин сатҳ рух медиҳад, нашикастанд", - изҳор дошт Зеленский дар мусоҳиба бо шабакаи 1+1.
Ҳамчунин Зеленский гуфт, ки мансабдорони Вазорати хориҷаи Украина, ки аз ҷониби собиқ раисиҷумҳур Петр Порошенко таъин шудаанд, талош доштанд садди роҳи гуфтушуниди нахустини ӯ бо Владимир Путин шаванд.
Маълум шуд, Зеленский дар курсии президентӣ чӣ қадар музд мегирад
Зеленский қайд кард, ки ҷонибдорони Порошенко барои озод кардани баҳрнавардони украинӣ ва бозгашташон ба Ватан манфиатдор набуданд.
Ҳамчунин раисиҷумҳури Украина қайд кард, ки гуфтушунид бо Владимир Путин мушкилтарин лаҳзаи президентиаш буд.
Зеленский шарти оштӣ шудани Русия ва Украинаро гуфт
Дар баробари ин Зеленский гуфт, дар назар дорад дар чорчӯби "нишасти Норманд" бо Владимир Путин вохӯрад.
Ёдрас мешавем, ки Владимир Зеленский дар даври дуюми интихоботи президентӣ бо гирифтани 73,2 дарсади овозҳо ба курсии кишвардорӣ нишаст.