Назорат аз иҷрои барномаҳо: идомаи сафари кории Қоҳир Расулзода ба вилояти Хатлон

© Сайт президента Кыргызской РеспубликиПремьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода, архивное фото
Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дирӯз Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон ба вилояти Хатлон сафар кард. Зимни сафари корӣ нахуствазири кишвар аз рафти сохтмони як қатор иншоотҳои муҳим ошно хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории “Ховар”, рӯзи 15 октябри соли равон Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон бо сафари корӣ ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон рафт.

Зимни сафари кориаш нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҳамроҳ бо Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода нахуст дар деҳаи Ҳақиқати ноҳияи Хуросон аз хоҷагии фермерии “Бибиузбекбӣ” боздид карданд. Хоҷагии мазкур соли 2019 дар майдони умумии 883 гектар дар ҷамоатҳои деҳоти “Ғаллаобод”, “Ҳилолӣ” ва “Қизилқалъа” ташкил шудааст.

Кохир Расулзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сафари Қоҳир Расулзода ба вилояти Хатлон

Бо дастури Ҳукумати Тоҷикистон аз тарафи хоҷагӣ дар 150 гектар боғи ангури чойлобӣ бо ҳашт навъ бунёд мегардад. Сарвазир бо ҷараёни корҳои ҳамворкунии майдони боғ ва кашидани хатти интиқоли об шинос шуд.

Сипас Қоҳир Расулзода ва Қурбон Ҳакимзода аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои маркази хизматрасонӣ боздид намуданд.

Корҳои сохтмонии иншооти мазкур аз моҳи сентябри соли 2018 оғоз гардида, бо ибтикори соҳибкор Мустафо Мирзоев амалӣ мешавад.

 Дар доираи сафари худ нахуствазир дар ноҳияи Хуросон инчунин аз ҷараёни сохтмони фермаи бузпарварӣ аз тарафи ҶДММ Хоҷагии зотпарварии “Саодат” дар деҳаи Гулрези Ҷамоати деҳоти “Ҳилолӣ” ошно шуд.

Ба Сарвазири мамлакат маълумот дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи феврали соли 2018 оғоз гардида, то ин давра зиёда аз 50 дар сади корҳо иҷро шудаанд. Арзиши умумии иншоот 14 миллиону 898 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Корҳои сохтмонӣ то охири соли 2019 ба итмом расида, воридоти таҷҳизот ва чорво то ҷашни Наврӯзи соли 2020 ба нақша гирифта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0