ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Имрӯз, 15 октябр, cарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон сафар кард.
Бино ба гузориши котиботи мақомоти иҷроияи вилояти Хатлон, сарвазир бо ҳамроҳии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода нахуст дар деҳаи Ҳақиқати ноҳияи Хуросон аз хоҷагии фермерии “Бибиузбекбӣ” боздид кардааст.
Тибқи иттилои манбаъ, хоҷагии мазкур соли 2019 дар майдони умумии 883 гектар дар Ҷамоатҳои деҳоти “Ғаллаобод”, “Ҳилолӣ” ва “Қизилқалъа” ташкил шудааст.
Бо дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи хоҷагӣ дар 150 гектар боғи ангури чойлобӣ бо ҳашт навъ бунёд мегардад. Сарвазир ва раиси вилоят бо рафти корҳои тахту ҳамворкунии майдони боғ ва кашидани хатти интиқоли об ошно шудаанд.
Пасон Қоҳир Расулзода ва Қурбон Ҳакимзода аз рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои маркази хизматрасонӣ боздид намудаанд.
Маркази хизматрасонӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шуда истодааст. Корҳои сохтмонии иншооти мазкур аз моҳи сентябри соли 2018 оғоз гардида, бо ибтикори соҳибкор Мустафо Мирзоев амалӣ мешаванд.
Иншоот аз 2 ошёна иборат буда, дар он ташкили ҳаммоми замонавӣ, сартарошхона, кошонаи ҳусн, ҳуҷраи дандонпизишкӣ, лойдармонӣ ва маркази савдо пешбинӣ гардидааст. Баъди ба истифода додани иншооти мазкур 12 нафар шаҳрвандони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Хуросон инчунин сохтмони фермаи бузпарварӣ барои 1000 сар бузи ширӣ аз тарафи ҶДММ Хоҷагии зотпарварии “Саодат” дар деҳаи Гулрези Ҷамоати деҳоти “Ҳилолӣ” ҷараён дорад.
Ба сарвазир маълумот додаанд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи феврали соли 2018 оѓоз гардида, то ин давра зиёда аз 50%-и корҳо иҷро карда шудааст. Арзиши умумии иншоот 14 миллиону 898 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Корҳои сохтмонӣ то охири соли 2019 ба итмом расида, воридоти таҷҳизот ва чорво то ҷашни Наврӯзи соли 2020 ба нақша гирифта шудааст.
Дар сурати ба истифода додани иншооти мазкур зиёда аз 25 нафар шаҳрвандони ноҳия соҳиби ҷойи кори доимӣ мегарданд.
Манбаъ афзуда, ки сафари кории Сарвазири мамлакат ба вилояти Хатлон идома дорад.