ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон, зимни мулоқот бо кормандони соҳаи саноати кишвар эълон кард, ки ҳукумат танҳо барои бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аз оғози корҳои сохтмон то имрӯз аз ҳисоби буҷети давлат 24 миллиард сомонӣ масраф кардааст.
Вай гуфт, дар баробари бунёди иншооти нави энергетикӣ таҷдиду барқарорсозии нерӯгоҳҳои амалкунанда низ босуръат идома дорад.
“Чунин иқдом имконият фароҳам меорад, ки бо барқ таъмин намудани соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва аҳолии кишвар пурра аз истеҳсолкунандагони дохилӣ ба роҳ монда шавад. Маълум аст, ки бе нерӯи барқи кофӣ таъмин кардани рушди соҳаҳои саноат ғайриимкон аст”, - таъкид намуд раисҷумҳури кишвар.
Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, соҳаи истеҳсол ва фурӯши нерӯи барқ барои баланд бардоштани иқтидори саноатӣ ва содиротии кишвар аҳаммияти зиёд дорад.
Вай афзуд, дар даврони истиқлол дар кишвар иқтидорҳои нави истеҳсолӣ дар ҳаҷми 1900 мегаватт, хатҳои интиқоли барқ ба дарозии зиёда аз 1100 километр, 4 зеристгоҳи барқии 500 - киловолта, 10 зеристгоҳи барқии 220 - киловолта ва дигар иншооти барқӣ бунёд гардида, низоми ягонаи энергетикии Тоҷикистон ташаккул ёфт.
“Бо мақсади рушди соҳа дар давраи истиқлол, дар маҷмӯъ, 25 лоиҳа ба маблағи умумии 23 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло бо дастгирии Ҳукумати кишвар татбиқи 9 лоиҳаи дигар ба маблағи умумии 6 миллиард сомонӣ идома дорад”, гуфт Эмомалӣ Раҳмон расиҷумҳури кишвар.
Ёдрас мешавем, ки чархаи аввали "Роғун" моҳи ноябри соли 2018 ва чархаи дуюм 9 сентябр дар рӯзи таҷлили 28-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ба фаъолият оғоз кард. Чархаи дуюм рӯзи 9 сентябр соли 2019 дар Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ба кор андохта шуд.
Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” пуриқтидортарин дар силсилаи нерӯгоҳҳои рӯди Вахш хоҳад буд, ки аз 6 агрегат иборат аст, ки тавоноии ҳар кадоми онҳо 600 мегаваттро ташкил хоҳад дод.
НБО-и “Роғун” бо иқтидори 3600 мегаватт , беш аз 17 миллиард киловатт-соат, калонтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд. Ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии нерӯгоҳи барқи обии “Норак” якуним баробар зиёд мебошад.