ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Подомҷо Ҳиндвол, намояндаи Сандуқи байналмилалии пул дар дидор бо Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон мавзӯи сармоягузории давлати Тоҷикистон дар идомаи сохти нерӯгоҳи "Роғун"-ро баррасӣ кардааст, хабар дод “Парс тудей”.
Ба иттилои манбаъ, дар ин мулоқот аз ҷумла бозорҳои эҳтимолии фурӯши барқи он, мизони даромади ҳосил аз фурӯши барқи ин нерӯгоҳ ва шаффофсозӣ дар бораи ворид шудани ин даромад ба буҷаи ҳукумат ва авзои ширкати "Барқи тоҷик" баррасӣ шуданд.
Гуфта мешавад, ки мавзӯи эҳтимоли ихтисоси қарзи ҷадид аз сӯи Сандуқи байналмилалии пул ба Тоҷкикистон ба тавзеҳоти тарафи Душанбе дар ин маворид бастагӣ хоҳад дошт.
Ин дар ҳоле аст, ки ба далели тӯлонӣ шудани ин гуфтугӯҳо тарафи Тоҷикистон дархост кардааст, ки сандуқи байналмилалии пул дастикам 300 миллион доллар вом ба ин кишвар ихтисос диҳад.
Қарзи Тоҷикистон 714 миллион доллар бештар мешавад
Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” пуриқтидортарин дар силсилаи нерӯгоҳҳои рӯди Вахш хоҳад буд, ки аз 6 агрегат иборат аст, ки тавоноии ҳар кадоми онҳо 600 мегаваттро ташкил хоҳад дод.
НБО-и “Роғун” бо иқтидори 3600 мегаватт , беш аз 17 миллиард киловатт-соат, калонтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд. Ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии нерӯгоҳи барқи обии “Норак” якуним баробар зиёд мебошад.