ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Ахиран Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят рафт ва бо фаъолияти ин боргоҳи ҳунар ошно гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.
Раиси вилоят ҳангоми мулоқот бо ҳунармандони театр ва кормандони соҳаи фарҳанг таъкид кард, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои рушди соҳаи фарҳанг аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, ҳамасола дар шаҳру ноҳияҳо қасрҳои фарҳангиро бунёд ва таъмиру азнавсозӣ менамояд.
“Танҳо дар чанд соли ахир дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Ашт, Айнӣ, Шаҳристон, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ, Спитамен ва дигар минтақаҳои вилоят кохҳои муҳташами фарҳангӣ бунёд карда шуд, ки бешубҳа ба рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшид”, - гуфт Аҳмадзода.
Вай таъкид кард, ки таъмини муассисаҳои фарҳангӣ бо асбобу лавозимоти зарурӣ низ дар мадди назари роҳбарияти вилоят қарор дорад.
Тавре манбаъ зикр намудааст, бо назардошти эҳтиёҷи муассисаи фарҳангӣ дар вазъияти тантанавӣ ба кормандони ин боргоҳи ҳунар мошини хизматии "Мercedes Sprinter" тақдим карда шуд.