ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Тақрибан дар тамоми мағозаҳо, марказҳои савдо ва бозорҳои Тоҷикистон маҳсулоти истеҳсоли Русия дида мешавад. Аз ҷумла на танҳо маҳсулоти ғизоӣ балки, маҳсулоти сохтмонӣ, доруворӣ, чубу тахта ва ғайра низ мушоҳида мешавад. Фурӯши маҳсулоти Русия дар бозорҳои Тоҷикистон назаррас аст.
Аммо метавон бо таъкид гуфт, ки содироти маҳсулоти ғайри маводи сӯхт ба бозорҳои Тоҷикистон назаррас аст. Тоҷикистон дар соли 2018 дар феҳристи кишварҳое, ки содироти маҳсулоти Русия ба он кишвар ояндадор аст, дар мавқеъӣ 15 қарор гирифта буд. Феҳристи мазкур аз тарафи маркази содироти Русия таҳия шуда, беш аз 130 кишвари ҷаҳонро дар бар мегирад.
Русия яке аз шарикони асосии савдо ва кишвари стратегӣ барои Тоҷикистон дониста мешавад. Тибқи омори расмӣ, гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар дар нимсолаи аввали соли 2019 беш аз 500 миллион долларо ташкил дода буд.
Тавре ахиран дар моҳи июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид кард, ҳамкории Русияву Тоҷикистон шакли старатегӣ дорад ва Тоҷикистон сатҳи ҳамкориро бо Русия мусбат арзёбӣ мекунад.
Ҳамкорӣ бидуни Русия ғайри имкон аст
Раҳмон Улмасов, иктисоддон профессори донишгоҳи словянии Тоҷикистону Русия ба Sputnik Тоҷикистон таъкид дошт, ки Русия танҳо барои бозорёби дар Тоҷикистон талош намекунад балки ба унвони як шарики стротегӣ дар рушди иктисоди Тоҷикистон низ алокаманд аст.
Коршиносон талошҳои Чин дар ин заминаро танҳо ба хотири бозорёби дар Тоҷикистон унвон кардаанд. Ба ақидаи коршиносон Чин дар талоши сохтмони корхонаҳои тавлиди дар Тоҷикистон нест. Воқеият аст, ки Чин дар сохтмони роҳҳо дар Тоҷикистон саҳм дорад ва сохтмони роҳҳо низ ба ақидаи ин коршиносон танҳо ба хотири дар оянда ворид кардани колоҳои бештар ба Тоҷикистон ва аз ин ҷо кашонидани захираҳои табии ба Чин дар назар аст.
“Барои мисол Русия дар Тоҷикистон ниругохи Сангтуда-1-ро сохт. Бо сармояи Русия дар ин Ҷумҳурӣ меҳмонхонаи бузурги Хайёт мавриди истифода карор гирифт. Ба гуфтаи ҷаноби Улмасов дар ҳоли ҳозир беш аз 65 корхонаи муштараки Русияву Тоҷикистон фаъол аст”, - қйд кард Улмасов.
Ба гуфтаи вай, ин хамкори барои як кишвари мисли Русия ночиз аст. Вале барои робитаҳои бештар бо Русия дар рушди иқтисод Тоҷикистон бояд бештар талош кунад.
Ба гуфтаи Улмасов Тоҷикистон як кишвари куҳистонӣ асту шумораи аҳолиаш солона 120 ҳазор нафар меафзояд ва дар 20 соли оянда худуди 15 миллионро ташкил хоҳад кард.
“Ба ин далел макомоти Тоҷикистонро зарур аст дар рушди иктисод ба дур нигоҳ кунад ва танҳо ҳамкорӣ бо Русия метавонад ин мушкилро ҳал кунад”, - гуфт коршинос.
Профессор Улмасов ба ин ақидааст, ки мардуми тоҷик бо мардуми Русия умумияти зиёде дорад.
Мардуми тоҷик ба фарҳангу забони русӣ ошноии хуб дорад. Ва мо бояд дар оянда дар рушди иқтисод бахусус рушди бахши кишоварзии Русия саҳм гузорем.
“Ҳоло Русия барои корам кардани замин, ки дар ин кишвар фаровонист бо мақомоти Ҳиндустон ва Кореяи Шимолӣ дар гуфтугу қарор дорад. Ва чаро мо Тоҷикистониҳо ки бо Русия наздикии зиёд дорем ва русуми мардуми Русияро мешиносем дар ин бахш ҳамкорӣ накунем. Мо метавонем дар корам кардани заминҳои Русия саҳм бигирем”, - афзуд коршинос.
Мо ба шумо қуваи корӣ –шумо ба мо маҳсулоту асъори хориҷӣ
Музаффар Олимов коршиноси бахши минтақа аз маркази пажуҳиши “Шарқ” мегуяд, ки рушди иқтисоди Тоҷикистон бидуни ҳамкорӣ бо Русияро тасаввур кардан мушкил аст. Вай афзуд ҳак бар ҷониби вазири рушди иктисоди Русия аст, ки Тоҷикистонро бозори ҷолиб хондааст.ақидаи вай, Русия низ барои Тоҷикистон бозори ҷолиб аст, ки мо ба бозори Русия нирӯӣ арзони кори ироъа мекунем ва дар ивази ин ба Тоҷикистон арзи хориҷӣ ва колоҳои мухталиф ворид мешавад.
Ҳамкорӣ бо арқом
Қаблан Максим Орешкин, вазири рушди иқтисоди Русия зимни баргузории ҳафтумин конфронси ҳамкории байниминтақавӣ, ки баҳори соли равон дар Маскав баргузор шуда буд, Тоҷикистонро ба унвони як бозори ҷолиб барои Русия талақи кард. Вай гуфт Русия 11 сол аст, ки мавқеъӣ худро дар бозори Тоҷикистон гум накардааства.
Вай инчунин, ҳамкорӣ миёни минтақаҳои Русия ва Тҷикистонро барои рушди ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ миёни ду кишвар муҳим арзёбӣ карда буд.
“Дар ҳоли ҳозир беш аз 60 минтақаи Русия ба таври фаъол бо Тоҷикистон ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ доранд. беш аз 70 шартномаву ёддошти тафоҳум амал мекунад. Ҳамкорӣ дар оянда низ идома хоҳад ёфт. Натиҷа алакай ҳаст ва мо бояд ҳамкориро идома диҳем, то ки бастагии иқтисодҳои Тоҷикистону Русия боз ҳам зичтару қавитар шавад”, -гуфт вазир.
Дар ҳамин ҳол, Андрей Слепнев, роҳбари Маркази содироти Русия, инчунин зимни конфронс эълон кард, ки Тоҷикистон барои соҳибкорони Русия як бозори ояндадор аст. Ба гуфтаи мақомоти Русия қиммати колоҳое, ки Тоҷикистон дар ин авохир аз Русия ба ғайр аз маводи сӯхт ворид кардааст, ба беш аз 848 миллион доллар мерасад, ки аксаран маводи ғизои ва колоҳои санъатиро дар бар дорад. Ин нишондиҳанда нисбат бо соли қабли 22 дар сад зиёд будааст.
Дар соли 2018 гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Русия 24,2 дарсад афзоиш ёфта ба 894 миллион доллар расид. Маҳсулоти асосие, ки Русия ба Тоҷикистон содирот намудааст маҳсулоти маъдан ва мошину таҷҳизот будааст. Аз Тоҷикистон ба бозорҳои Русия маҳсулоти насоҷӣ, маводи ғизоӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ содирот мешавад.
Матлаб дар заминаи шарикии тиҷорӣ таҳия шудааст.