Русия мехоҳад воридоти маҳсулоти кишоварзиро аз Тоҷикистон афзоиш диҳад, эълон кардааст Евгений Бушмин, муовини раиси Шӯрои Федератсияи Русия зимни VI-умин Анҷумани байнипарлумонии Русияву Тоҷикистон.
Ба гуфтаи вай, масъалаи мазкур дар VI-умин Анҷумани байнипарлумонии Русияву Тоҷикистон дар шаҳри Маскав барраси шуд.
“Тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ аз лиҳози шароити ҷуғрофиоӣ ба Тоҷикистон имконият медиҳад, меваю сабзавоте парвариш намояд, ки дар Русия намерӯяд. Ба ҷои он ки аз Африқо ва ё Амрикои лотинӣ мева ворид намоем, метавонам хоҳиши шаҳрвандонамонро бо меваҳои истеҳсоли Тоҷикистон таъмин намоем”, - гуфт Бушмин ба Sputnik Тоҷикистон.
Ба гуфтаи вай, дар ин масъала манфиатҳои ду кишвар бо ҳам наздик мебошанд – Тоҷикистон метавонад Русияро бо маҳсулоти кишоварзӣ ва Русия Тоҷикистонро бо техникаи корӣ барои истеҳсолӣ меваю сабзавот таъмин намояд.