https://sputnik.tj/20181029/Sattorov-moneao-baroi-vorid-kardani-masuloti-Toikiston-ba-Rusiya-boyad-bartaraf-shavand-1027273757.html
Сатторов: монеаҳо барои ворид кардани маҳсулоти Тоҷикистон ба Русия бояд бартараф шаванд
Сатторов: монеаҳо барои ворид кардани маҳсулоти Тоҷикистон ба Русия бояд бартараф шаванд
Sputnik Тоҷикистон
Имомуддин Сатторов, сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Русия шарҳ дод, ки барои чӣ миёни ду кишвар роҳрави сабз лозим аст 29.10.2018, Sputnik Тоҷикистон
2018-10-29T21:05+0500
2018-10-29T21:05+0500
2021-04-19T16:46+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102725/62/1027256283_0:-1:1275:720_1920x0_80_0_0_c218ad9a0ac520b5675fe71499bc0727.jpg
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2018
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Посол Таджикистана в РФ Имомуддин Сатторов об амнистии мигрантов
Sputnik Тоҷикистон
Посол Таджикистана в РФ Имомуддин Сатторов об амнистии мигрантов
2018-10-29T21:05+0500
true
PT2M12S
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102725/62/1027256283_0:-1:1147:720_1920x0_80_0_0_87f9a22115da18cc03b65bef4bc7e430.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, андеша, имомуддин сатторов, дар русия, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, андеша, имомуддин сатторов, дар русия, дар тоҷикистон
Сатторов: монеаҳо барои ворид кардани маҳсулоти Тоҷикистон ба Русия бояд бартараф шаванд
21:05 29.10.2018 (Навсозишуда: 16:46 19.04.2021) Имомуддин Сатторов, сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Русия шарҳ дод, ки барои чӣ миёни ду кишвар роҳрави сабз лозим аст
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия зимни нишасти матбуоти дар Ожонсии байналмилалии иттилоотии “Россия сегодня” гуфт, ки музокирот дар атрофи ифтитоҳи роҳрави сабз миёни Русияву Тоҷикистон алакай тӯли чор-панҷ сол аст, ки баррасӣ мешавад.
Вай афзуд, ки ҳамаи санадҳои лозима омода ҳастанд ва ба вазорату идораҳои дахлдор супоришҳои мушаххас дода шудааст.
Сатторов таъкид намуд, ки мутаасифона то ҳол корҳо дар ин ҷодда бисёр суст ба роҳ монда шудааст.
Сафир таъйид намуд, ки ҳоло маҳсулоти Тоҷикистон ба бозорҳои Русия тариқи кишварҳои миёнарав сурат мегирад.
“Имрӯзҳо маҳсулоти Тоҷикистон ба бозорҳои Русия тариқи дигар кишварҳо ворид мегардад. Дар ин кишварҳои миёнарав маҳсулоте, ки аз Тоҷикистон ворид мегардад умуман намерӯяд”, - таъкид кард Имомуддин Сатторов зимни нишасти матбуотӣ.
Ба гуфтаи сафир, ба ҳамин хотир тавозуни савдо миёни Тоҷикистону Русия кам шудааст.
“Барои ворид намудани молу маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ба Русия бояд ҳамаи маҳдудиятҳо бардошта шаванд”, - таъкид намуд Сатторов.
Инчунин сафири илова кард, ки Русия бояд сертификатҳои Тоҷикистонро эътироф намояд.