ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Ҳарфҳои ноҷое, ки муҷрии барномаи "Прямой эфир" Андрей Малахов зимни барномаи хеш гуфтааст, боиси нигаронии амиқи Вазорати корҳои хориҷаи Қирғизистон гардидаст, хабар медиҳад котиботи вазорати мазкур дар сафҳаи Фейсбукӣ.
Манбаъ меафзояд, ки дар робита ба ҳарфҳои Малахов, Вазорати умури хориҷаи Қирғизистон сафири Русия дар он кишварро даъват намудаст.
Дар барномаи Малахов моҷарои садамаи нақлиётӣ, ки тобистони имсол ба айби ронандаи қирғиз рух дода буд ва боиси ҳалокати як мотосиклрон гардид, мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Дар ҷараёни барнома ҳарчанд наздикони муҳоҷири қирғив ва ҳам намояндагони сафорати Қирғизистон дар Русия аз пайвандони марҳум дар робита ба ҳодисаи нохуш изҳори ҳамдардӣ ва пузишпурсӣ намуданд, вале муҷрии барнома бо суханони тунди худ шаҳрвандони Қирғизистонро таҳқир намуд.
Маврид ба зикр аст, ки садамаи нақлиётӣ бо иштироки муҳоҷири 23- солаи Қирғизистон, рӯзи 8 - уми июли соли равон дар шаҳри Маскав рух дода буд, ки бар асари он писари миллиардери рус Владимир Маругов ба ҳалокат расид.
Малахов дар баробари якчанд меҳмонони дигари барнома бар ин назар буд, ки муҳоҷири қирғиз шояд бар ивази куштори писари миллиардер 100 ҳазор доллар подош гирифтаст.
Андрей Малахов аз барномаи "Пусть говорят" рафт
Ӯ инчунин гуфт, барои мардуме, ки ҳатто 10 доллар барояшон арзиш дорад, ин пули ниҳоят калон аст.
Маҳз ҳамин суханони Малахов боиси нигаронии ВУХ Қирғизистон гардида, онҳо аз Андрей Малахов талаб доранд, ки барои суханони ноҷои худ расман аз мардуми қирғиз узр пурсад.