ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Раққоси ансамбли "Гулчин" Фарҳод Ҷонмаҳмадзода дар барномаи "Пахши зинда" муҷрии номдори Русия Андрей Малахов ширкат кард. Ин барнома аз шабакаи "Россия-1" пахш мешавад.
Барномаи навбатии "Пахши зинда" ба муносибати Рӯзи ваҳдати милли Русия сабт шудааст, ки 4-уми ноябр ҷашн гирифта мешавад. Фарҳод Ҷонмаҳмадзода дар бораи ширкаташ дар ин бахши барнома ба Sputnik Тоҷикистон нақл кард.
Дар толори барнома ҷавонони тоҷик ба бинандагон дар бораи расму ойинҳои миллии тоҷикон нақл карданд ва либоси миллиро ба намоиш гузоштанд. Ба гуфтаи раққос, се соати наворбардорӣ зуд сипарӣ шудаасту вай тавонистааст бо Андрей Малахаво суҳбат кунад ва акс гирад.
"Аз ин барнома бисёр хушам омад. Бисёр шавқовар буд ва меҳмонони бисёре, аз ҷумла бархе аз ситораҳои Русия, низ дар он ширкат доштанд. Се соат зуд сипарӣ шуд ва мо пас аз барнома бо Малахов акс гирифтем ва суҳбат кардем. Вай моро ситоиш карду гуфт, ки бисёр хушаш омада, ки чигуна мо бо ифтихор кишварамонро муаррифӣ кардем", — мегӯяд Фарҳод.
Ба гуфтаи ҳунарманд, созандагони ин барнома ба вай пешниҳод карданд, ки дар наворбардории яке аз барномаҳои оянда низ ширкат кунад. Ин бор ҷавони тоҷик дар саҳнаи шабакаи "Россия-1" яке аз барномаҳои худро намоиш медиҳад. Аммо бо ин дастовардҳои Фарҳод дар шабака ба поён нарасид: барномасозон ваъда доданд, ки дар ҳолати пайдо шудани кори мувофиқ ӯро барои кор дар телевизюн даъват мекунад.
"Ман дар яке аз барномаҳои оянда ширкат хоҳам кард. Ҳоло рӯзи наворбардории барнома дақиқ нашудааст. Ба ман ҳатто ваъда доданд, ки агар бароям кори мувофиқ пайдо шуд, маро даъват мекунанд",- мегӯяд вай.
Фарҳод аз муаррифии Тоҷикистон дар телевизюни Русия ифтихор мекунад. Вай мегӯяд, дар оянда низ бо хушҳолӣ дар ин гуна барномаҳо ширкат хоҳад кард.