ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Додгоҳи ҳарбии Узбакистон имрӯз ҳукмашро алайҳи собик роҳбари Хадамоти давлатии амнияти ин кишвар эълон дошт, хабар медиҳад котиботи Додгоҳи олии Узбакистон.
Бар хабари манбаъ, додгоҳ собиқ сардори Хадамотидавлатии амниятиро дар содир намудани ҷиноят аз қабили гирифтани ришва ва суиистифода аз мақоми давлатияш гунаҳкор ҳисобид.
"Ихтиёр Абдуллоев айбдор дониста шуд ва ба мӯҳлати 18 сол аз озодӣ маҳрум гардид", - гуфта мешавад дар хабари манбаъ.
Узбакистон гуфт, Тоҷикистон кафолат дод, ки “Ҷинҷак”-ро бозпас медиҳад
Тибқи қарори Додгоҳи Олӣ, Абдуллоев бо суиистифода намудан аз ваколати давлатияш дар ташкили ҷомеаи ҷиноӣ, гирифтани пора, бастани аҳдҳое, ки бар хилофи манфиатҳои Узбакистонанд, тамаъҷӯӣ, тасарруфи амволи ашхоси дигар як қатор қонуншиканиҳои дигар гунаҳкор дониста мешавад.