Малахов: маро нодуруст фаҳмиданд, ҳадафам танҳо дилбардории модари ҷигарсӯхта буд

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкТелеведущий, главный редактор журнала StarHit Андрей Малахов
Телеведущий, главный редактор журнала StarHit Андрей Малахов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муҷрии барномаи "Прямой эфир" пас аз пахши барномааш дар мавриди қазияи ҳалокати писари як миллардери рус ба айби муҳоҷири қирғиз, зери маломати ҳазорҳо шаҳрвандони Қирғизистон қарор гирифт

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Андрей Малахов изҳороташро дар пойгоҳи хабарии Starhit, ки худаш сармуҳаррири он мебошад, нашр намуд.

Дидор бо Малахов: раққоси тоҷик ситораи телевизиони Русия шуд

Ӯ мегӯяд, бовар ҳам надошт, ки ба як афкори шахсии рӯзноманигор, ин қадар бархӯрди шадид аз ҷониби шаҳрвандони Қирғизистони демократӣ сурат бигирад.

Ба гуфтаи Малахов танҳо давоми ду рӯз беш аз 20 ҳазор паёмакҳои ашхоси норизо ба барномаи ӯ ворид гардид, ки ӯро бисёр нороҳат карданд. Зеро ин муҷрӣ мегӯяд, ки ҳадафи ӯ  ба ҳеҷ ваҷҳ таҳқир намудан ва ё ба изати нафти касе расидан набуд.

"Ҷинояткор дар ҳеҷ давру замон, миллат ё шаҳрвандӣ надоранд - ҳама дар назди қонун баробаранд. Ман мардуми қирғизро на танҳо аз асарҳои Чингиз Айтматов, ки барои ман бисёр маҳбуб аст, медонам, балки ба шарофати вохӯриҳои шахсӣ бо шаҳрвандони ин миллат қарин ҳастам. Ман танҳо кори рӯзноманигории худро анҷом додам. Тавассути барномаи ман, модари марҳум, Татьяна Маругова нахустин маротиба суханони тасаллият ва пузишро аз ҷониби намояндагони ин  ҷинояткор шунид", - зикр намудаст Малахов дар пойгоҳи хабарӣ.

Ёдовар мешавем, ки пас аз пахш шудани барномаи "Прямой эфир" бобати моҷарои садамаи маргбори нақлиётӣ бо иштироки муҳоҷири 23- солаи қирғиз, сару садоҳоро дар миёни ҷомеаи шаҳрвандии Қирғизистон барангехт.

Андрей Малахов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
ВУХ Қирғизистон аз Малахов талаб дорад барои таҳқир кардани қирғизҳо расман узр пурсад

ВУХ ин кишвар Малаховро ба он муттаҳам намуд, ки дар рафти барнома аз забони ӯ суханони ноҷо нисбати шаҳрвандони қирғиз садо доданд.

Малахов дар қатори дигар меҳмонони барнома изҳор дошт, ки гумонбари аслии ин ҳодисаи нохуш шояд бар ивази маблағ қасдан писари миллиардери русро пахш намудаст.

Ӯ гуфт, ки барои мардуми қирғиз  ҳатто 10 доллар арзиш дорад, чи расад ба 100 ҳазор доллари амрикоӣ.

Зимнан, ВУХ Қирғизистон аз муҷрии барнома Андрей Малахов талаб намуд, ки расман аз мардуми Қирғизистон узр бипурсад.

Лентаи хабарҳо
0