ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Духтаре пас аз марги бародараш дар давоми ним сол ҳар шаб ба шумораи телефони ӯ паёмак равон мекард, иттилоъ додааст сомонаи Reddit.
Ин духтар дар паёмаки ахираш навиштааст, ки бисёр пазмон шудааст ва умедвор аст касе дарди дили ӯро шунавад, аммо ӯ тасаввур намекард, ки ба ӯ касе ҷавоб менависад.
Вале рӯзе ӯ тааҷҷуб кард, чун ба телефонаш аз шумораи бародараш паёмаке расид.
“Ман таассуф мехурам, ки шумо аз касе пазмон шудед, аммо мутаасифона шумо иштибоҳ кардед”, - омадааст дар паёмаки ҷавобӣ.
Духтар бо маазарат хоста навиштааст, ки шубҳаҳои ӯ тасдиқ ёфт, чун бародараш дар моҳи март даргузашт ва шумораи телефони ӯ ба касе дигар дода шудааст.
Дар ҳамин ҳол, соҳиби шумораи телефони бародари духтар, дар паёмаки ҷавобӣ навишт, ки барои ӯ мушкиле надорад. Вай метавонад суҳбаташро бо ӯ идома диҳад. Номбурда навиштааст, ки дарди дили ӯро мефаҳмад, чун саломатии духтари аммаш чандон хуб набуда ва дами марг қарор дорад. Ӯ дарди ин духтарро хуб дарк кардааст.
Духтар дар паёмаки ҷавобӣ аз ӯ изҳори сипос намуда зикр кардааст, ки метарисид аз он рӯзе, ки шумораи бародараш ба касе дигар дода шавад, чун ӯ дигар наметавонист фикру андешаҳои худро ба касе дигар навсиад.