ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Кумитаи умури бонувон ва хонавода мақсад гузоштааст, ки ба воситаи фиристодани паёмакҳо ба мардуми кишвар либоси миллиро тарғиб кунад.
Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон аз кумита мактубҳоеро дарёт кардаанд, ки дар он аз онҳо даъват шудааст ба муштариёнашон паёмакҳои зерро ирсол кунанд:
"Пӯшоки миллиро арҷ бигзоред", "Биёед расму русуми миллиро рия кунем", "Пӯшидани либоси миллӣ ҳатмист!"
Як қатор ширкатҳои мобилӣ тасдиқ кардаанд, ки дар ҳақиқат аз кумита чунин мактубро дастрас кардаанд.
Эмомалӣ Раҳмон авохири моҳи августтарҳи ислоҳ ва тағйири қонунҳо "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои ҶТ "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ", "Дар бораи маориф", "Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ", "Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ", "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ", Қонуни кайфарӣ ва Қонуни тахаллуфоти идории Тоҷикистонро имзо кард.
Бештарин ислоҳ дар Қонуни танзими ҷашну маросим ворид карда шудааст. Бар асоси ин ислоҳот, ки раисҷумҳур худ пешниҳод карда буд, баргузории маросими "ақиқа" барои навзодон, "гаҳворабандон", "домодталбон" ва "зиёрати ҳоҷиён" мамнуъ шудааст. Ҳамчунин аз ин пас баргузории маросими хатми ҳафтум, чиҳилумин рӯз ва солгард барои даргузаштагон танҳо бидуни додан ғизо ҷоиз аст.
Яке аз бандҳои қонуни танзим мегӯяд, дар ҷашну маросим бояд ба либоси миллӣ ҳозир шуд.