Раҳмон ба ноҳияи Рӯдакӣ рафт: сафари ӯ аз ифтитоҳи ду мактаби таҳсилоти миёна оғоз ёфт

Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои созандагию ободонӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун бо сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварданд

ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти роҳбари давлат, Эмомалӣ Раҳмонро сокинони ноҳия гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Сафари раисҷумҳур ба ноҳияи Рӯдакӣ аз тамошои намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ оғоз ёфта, сипас бо иштироки сарвари давлат бинои ду макотиби замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи НБО Роғун - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон: ман ҳеҷ гоҳ аз сафар нагаштам, меравем ба пеш, қадам ба қадам ба пеш - навор

Ба иттилои котиботи президент, Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 182-ро, ки дар деҳаи Ҷӯйбодоми деҳоти Чортеппаи ноҳия бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.

Мактаб аз се ошёна иборат буда, барои 1280 ҷойи нишаст дар ду баст бунёд гардидааст. Муассисаи таълимӣ аз 28 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла, 4 кабинети фаннӣ: химия, физика, математика, биология, 4 синфхонаи таълими меҳнат дар алоҳидагӣ барои писарон ва духтарон, 2 синфхонаи компютерӣ, китобхона бо ду утоқи алоҳидаи китобхонӣ ва 18 ҳуҷраи ёрирасон иборат мебошад.

Раҳмон аз Суғд ба Душанбе баргашт: сафар бо хотироти неки раисҷумҳур ва ҳамсараш анҷом ёфт

Гуфта мешавад, бо мақсади таъмини гармӣ дар фасли сармо тамоми синфхонаҳо, роҳраву ҳуҷраҳои ёрирасон ва утоқҳои кории муассиса бо шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Ҳамзамон раисҷумҳури Тоҷикистон дар деҳаи "Оли Сомон"-и деҳоти “Зайнабобод” Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 85-ро мавриди истифода қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки муассисаи мазкур бо дарназардошти талаботи муосири сохтмонӣ бунёд шуда, дорои 640 ҷойи нишаст дар ду баст мебошад.

Таджикистан празднует День национального единства - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон ба ноҳияи Балҷувон сафар карду, дар деҳаи Калтачанор хати оби нӯшокиро ифтитоҳ кард

Маврид ба зикр аст, ки муассисаи мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдуҷаббор Қурбонов давоми як сол бо тарҳи зебову замонавӣ бунёд шуда, аз се ошёна иборат мебошад. Муассисаи таълимӣ дар як қисми заминҳои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 85, ки соли 1963 сохта шуда буд, бунёд гардидааст.

Тавре ба роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ин мактаби шакли нав бо мақсади дар сатҳи баланд ба роҳ мондани таҳсилот, 13 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои забони русӣ, англисӣ, забон ва адабиёти тоҷик, физика, биология, математика, химия ва технологияи иттилоотӣ бо таҷҳизоти зарурии таълим муҷаҳҳаз гардонида шудааст. 

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд сафар кард

Зимни боздид  Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, иқдоми созандаи соҳибкори маҳаллиро шоёни таҳсин хонданд. 

Ба маълумоти масъулин, марҳилаи дуюми сохтмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 85 дар ноҳияи Рӯдакӣ дар ояндаи наздик шурӯъ мешавад. Тибқи лоиҳа, дар иншооти бунёдшаванда маҷлисгоҳ, толори варзишӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон ба истифода дода хоҳанд шуд.

Лентаи хабарҳо
0