ДУШАНБЕ, 9 сен - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш дар маросими ба кор андохтани чархаи дуюми НБО "Роғун" аз сохтмон ва ифтитоҳи нақби Анзоб ёд карду гуфт, он замон Тоҷикистон дар як вазъи мушкили иқтисодиву буҳронӣ қарор дошт, аммо новобаста аз мушкилоти ҷойдошта ин иншоотро сохта, ба истифода супорида шуд.
“Ҷанги шаҳрвандӣ буд, маблағ набуд. Иқтисодиёт дар ҳолати буҳрони қарор дошт. Вақте, ки мо онҷо ҷамъ омадем бисёриҳо ҳатто аъзоёни ҳукумат ба ман гуфтанд, муҳтарам Президент маблағ нест, техника нест, сохтмончиён нест, мо наметавонем. Ҳолонки Иттиҳоди Шӯравӣ ин корро анҷом дода натавонист. Ман суханони худамро он замон ҳеҷ гоҳ аз ёдам намебарорам. Агар ҳеҷ кас надошта бошем, ҳеҷ қудрату тавонои надошта бошем, лекин мо бо қуваи бузурги панҷаҳоямон, бо ҳамин нохунҳоямон канда нақби Анзобро мо ҳатман бунёд мекунем”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Вай инчунин илова кард, ки ҳангоми дидан аз нақб ба ҷойҳои сангин мерафтааст ва ба ӯ тавсия медоданд, ки барои бехатарӣ хати роҳро иваз намоям.
“Ман гуфтам хатро иваз намекунем. Ман ҳеҷ гоҳ аз сафар нагаштам, меравем ба пеш, ба пеш - қадам ба қадам ба пеш”, - таъкид дошт Раҳмон.
Вай инчунин гуфт, ӯ аз истифодаи технологияи нав ва мутахассисон дар сохтмони НБО “Роғун” дар ҳайрат аст.
“Ман дидам имрӯз аз сохтмон, ман худам ангушти ҳайрат газидам”, - зикр намуд Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон.
Вай афзуд, имрӯз мақомот тамоми чораҳоро меандешад то сохтмон бе маблағу маводи сохтмонӣ намонад ва мақомоти хоҳад кард муҳлати ба истифодадиҳии пураи сохтмонро кӯтоҳ намояд.